Ёрӣ аз Афғонистон. Ҷасади сарбозон дар Рӯшон ҳанӯз ёфт нашудаанд

Asia-Plus

Даҳ рӯз пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба хадамоти наҷотбахшии вилояти Бадахшони Афғонистон муроҷиат кард, то ки барои дарёфти ҷасади ду сарбози марзбони дар дарёи Бартанг ғарқшуда мусоидат кунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод.

Сарбозони нерӯҳои марзбонӣ Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ки дар яке аз қисмҳои низомӣ дар ноҳияи Рӯшон адои хизмат мекарданд, рӯзи 30 сентябр ҳангоми кӯшиши наҷоти хонандаи синфи 10-уми деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон худашон ғарқ шуданд. Наврас даст ба худкушӣ зада буд.

Ҷасади наврас баъди як рӯзи кофтукоби наҷотдиҳандагон пайдо ва дафн карда шуд. Ҷасади ду сарбоз бошад,  то ҳол пайдо нагардидааст.

Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, наҷотдиҳандагони Кумита корҳои ҷустуҷӯро то ҳол идома дода, лекин маҷрои оби  мавзеи воқеа хеле тез ва кори ғаввосон (водолазҳо) дар ин ҷо ғайримкон буда, ҷасадҳо танҳо қад-қади соҳил ҷустуҷӯ мешаванд.

“Тамоми ин рӯзҳо сокинони маҳаллии соҳили дарё дар Афғонистон ба онҳо кумак мекунанд, лекин ҳамааш алҳол бенатиҷа аст, – иброз дошт номбурда. – Боз гап сари он аст, ки сарбозон либоси вазнин (бушлат) ба бар доштанд ва шояд онҳоро об зери санг кашида бошад”.

Сухангӯи Кумита изҳор дошт, ки ба муроҷиати онҳо алҳол ҳамтоён аз Афғонистон посух надодаанд, ҳарчанд он 10 рӯз пеш ирсол гардида буд. “Лекин мо ба мусоидати онҳо умедворем, инчунин то дарёфти ҷасадҳо худамон ҷустуҷӯро идома медиҳем”, – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки корҳои ҷустсуҷӯ дар ҳамдастӣ бо кормнадони милитсия ва сокинони ноҳияи Рӯшон ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Саидаҳмад Ятимов, падари сарбоз Сироҷиддин Ятимов, пайвандони сарбозон аз ҳолатҳои рух додани ҳодиса нигаронанд. “Шунидем, ки 3 сарбоз худро ба об партофтаанд, на ду кас. Бо сарбози сеюм, ки наҷот ёфтааст, гап задем. Як гуфтааш ба гапи дигараш мувофиқат намекунад. Мехоҳем, ҳар воқеае шудааст, ба мо дақиқ бигӯянд”, – изҳор доштааст ӯ ба Радиои Озодӣ.

Хоҳари ин сарбоз, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки кадоме аз шиносҳояш ба ӯ гуфтаанд, ки гӯё бародараш ва сарбози дигари ғарқшударо дар қаламрави Афғонистон зинда дидаанд. “Намедонем асли қазия чист, мехоҳем, ки онҳо ё зинда дарёфт шаванд, ё ҷасади онҳоро пайдо кунанд, то ҳақиқат маълум шавад”, – мегӯяд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.