“Дар ҷустуҷӯи ганҷина” – иқдоми молиявии БМТ ва Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии амонатҳо (World Savings Day), ки дар саросари ҷаҳон рӯзи 31 октябр таҷлил мегардад, квест (иқдом)-ҳои молиявии “Дар ҷустуҷӯи ганҷина” (В поисках сокровищ) ва “Сафари нек” (Счастливая поездка) эълон мекунанд. Танҳо 1 рӯз – 31 октябри соли 2020 соати […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии амонатҳо (World Savings Day), ки дар саросари ҷаҳон рӯзи 31 октябр таҷлил мегардад, квест (иқдом)-ҳои молиявии “Дар ҷустуҷӯи ганҷина” (В поисках сокровищ) ва “Сафари нек” (Счастливая поездка) эълон мекунанд.

Танҳо 1 рӯз – 31 октябри соли 2020 соати 10:00 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар пахши мустақими барномаи радиои “Азия-Плюс” ва “Садои Хуҷанд” бозии зеҳнӣ баргузор мешавад.

Барои иштирок ба Шумо чӣ зарур аст?

Дар саҳифаи Бонки миллии Тоҷикистон “Саводнокии молиявӣ” www.facebook.com/fingramtj худро ба қайд гузоштан (обуна шудан) ва пайгирии ҳамаи маълумоти саҳифа доир ба чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи байнулмилалаии амонатҳо дар Тоҷикистон;

Рӯзи 31 октябр соати 10:00 дар шаҳри Душанбе мавҷи радиои 107Fm-ро дарёфтан => интизор шудани кумакҳо  => ёфтани барандагони радио дар шаҳр => дуруст ҷавоб додан ба саволҳо ва гирифтани туҳфаи худ.

Рӯзи 31 октябр соати 10:00 дар шаҳри Хуҷанд мавҷи радиои 105.7 Fm-ро дарёфтан => интизор шудани кумакҳо  => ёфтани автобуси махсус => дуруст ҷавоб додан ба саволҳо ва гирифтани туҳфаи худ.

Мавзӯъҳо дар бораи иқтисоду молияро бори дигар аз назар гузаронед, зеро ба саволҳои мо посухи дуруст дода, соҳиби ҷоизаҳои арзишманди созмондиҳандагони чорабинӣ шуда метавонед.

Фурсатро аз даст надиҳед! Танҳо 1 рӯз! 31 октябри соли 2020 соати 10:00! Ба ҳама барор мехоҳем!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.