Қарзи “Барқи тоҷик” назди Сангтӯда-1 ба ҳудуди 1,6 млрд сомонӣ расид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба ширкати “Барқи тоҷик” зиёда аз 1 млрд 653 млн кВт\соат неруи барқ интиқол дод, ки 76,60 млн кВт\соат аз ҳаҷми пешбинишуда ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,64 млн кВт\соат камтар мебошад, гуфта мешавад дар иттилоияи нашршудаи ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.

“Камшавии нишондиҳандаи воқеӣ аз нақшавӣ ба коҳиши ҳаҷми хариди неруи барқ аз ҷониби ягона харидор – ШСХК “Барқи тоҷик” рабт дорад. Коэффисиенти миёнаи истифодаи иқтидори насбшудаи неругоҳ дар 9 моҳи соли равон 37,8%-ро ташкил дод”, – таъкид мешавад дар иттилоия.

Гуфта мешавад, арзиши умумии барқи Сангтӯда-1, ки ба ширкати “Барқи тоҷик” интиқол дода шуд, ба андаке бештар аз 514 млн сомонӣ (бо назардошти ААИ) баробар шуд.

“Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) на зиёдтар аз ҳадди 44% аз барқи иниқолёфтаро ташкил дода, ба идомаи афзоиши қарз назди неругоҳ боис мегардад. Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ қарзи “Барқи тоҷик” 287,92 млн сомонӣ афзуда, то 30 сентябри соли 2020 ба 1,59 млрд сомонӣ расид”, – омадааст дар иттилоия.

ҶСК “НБО Сангтӯад-1” ширкати муштараки Тоҷикистону Русия мебошад. Иқтидори насбшудаи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ягона харидори барқи неругоҳи “Сангтӯда-1” ШСХК “Барқи тоҷик” мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши барқро ба истеъмолгарон дар Тоҷикистон таъмин мекунад. Ба ҳиссаи ин неругоҳ ҳудуди 11% аз ҳаҷми умумии интиқоли барқ ба шабакаҳои барқии кишвар рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.