35 медали хонандаҳои Суғд дар озмуни байналмилалӣ: 17 тилло ва 18 нуқра

Гурӯҳе аз хонандагони Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз як озмуни байналмиалаии фосилавӣ бо номи  “Math Challange-2020” 35 медал ба даст овардаанд. Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ "Math Challange-2020" моҳи октябр бо ҷалби 1600 хонанда аз 70 кишвари ҷаҳон дар риштаи риёзӣ бо забони англисӣ дар Тайланд баргузор шуд. Дар ин озмун 35 нафар хонандаи […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Гурӯҳе аз хонандагони Мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз як озмуни байналмиалаии фосилавӣ бо номи  “Math Challange-2020” 35 медал ба даст овардаанд.

Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ "Math Challange-2020" моҳи октябр бо ҷалби 1600 хонанда аз 70 кишвари ҷаҳон дар риштаи риёзӣ бо забони англисӣ дар Тайланд баргузор шуд.

Дар ин озмун 35 нафар хонандаи Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 17 медали тилло ва 18 медали нуқра ба даст оварданд.  Ҷумъабой Исомитдинов, ҷонишини мудири ин Мактаб ба “Азия-Плюс” гуфт, дар олимпиада, ки онлайн баргузор шуд хонандагони синфҳои 4 то 11 иштирок карданд. “Имрӯз аз ғолибон дар як вазъи тантанавӣ қадрдонӣ шуд”.

Манбаъ афзуд, баъди дастрас шудан ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ба ғолибон медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ тақдим мешавад.

Олимпиадаи байналмиллалии математика ва робототехника ҳамасола зери номи «International Math Challange», бо дастгирии Мактаби байналмиллалии Осиё ва Донишгоҳи байналмиллалии Рангситии Тайланд доир мешавад. Соли ҷорӣ бинобар ҳамагирии вируси куруно олимпиада онлайн сурат гирифт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.