Данғара: заҳролудшавии 11 кас аз сабзавоти консервшуда ва фавти 1 нафар аз онҳо

Date:

Дар ноҳияи Данғара пас аз истеъмоли бодиринг ва помидори дар хона консервшуда 11 нафар узви ду оила аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гаштанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, 9 нафари онҳо фавран ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд.

“Як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, фавтида, ҳолати се нафари дигар аз заҳролудшудагон, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин арзёбӣ мешавад”, – қайд мешавад дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, вазъи саломатии  5 нафари дигар хубтар арзёбӣ шуда, ҳоло ҳамаи онҳо дар бистари беморианд ва муолиҷа мешаванд.

Дар ин робита Кумита аз сокинони кишвар дархост кардааст, ки вақти омода намудани консервҳои сабзавоту мевагӣ талош кунанд, ки кулли қоидаҳои бехатарӣ риоя шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...