Дар шаҳри Хоруғ театри “Лӯхтак” таъсис медиҳанд

Ташкилоти ҷамъиятии “Рузбеҳ” тасмим гирифтааст, ки дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ Театри лухтаки сайёр таъсис диҳад. Тавре роҳбари ташкилоти мазкур Зоҳир Шомусаламов  ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, онҳо талош доранд ҳарчи зудтар намоишҳои театриро дар вилоят рӯйи саҳна биоранд, чун намоишҳои театр барои кӯдакон як ҷаҳони дигари зебоӣ хоҳад дод. Шомусаламов мегӯяд, ки театр, аслан сайёр мешавад ва […]

Ташкилоти ҷамъиятии “Рузбеҳ” тасмим гирифтааст, ки дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ Театри лухтаки сайёр таъсис диҳад. Тавре роҳбари ташкилоти мазкур Зоҳир Шомусаламов  ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, онҳо талош доранд ҳарчи зудтар намоишҳои театриро дар вилоят рӯйи саҳна биоранд, чун намоишҳои театр барои кӯдакон як ҷаҳони дигари зебоӣ хоҳад дод.

Шомусаламов мегӯяд, ки театр, аслан сайёр мешавад ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят намоишҳои театришудаи худро пешкаши бинандагон мекунад. Ва намоишҳоро бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ хоҳанд монд.

Ӯ гуфт, ки коргардонҳои театр кӯшиш мекунанд, ки дар барбари намоишҳои гуногуни ҷаҳонӣ, қиссаву афсонаҳои қадимаи халқи тоҷикро низ ба бинанда пешниҳод намоянд. Ва табиист, ки намоишҳо ахлоқӣ, тарбиявӣ мебошанд.    

Ҳоло таъсисидиҳандагони театр тасмим доранд, ки фаъолияти худро дар бинои театри пешини вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ оғоз намоянд. Вале мегӯянд, барои фаъолият дар бино иҷозати раиси ВМКБ Ёдгор Файзовро бояд дошта бошанд ва баъдан бо иҷозати Вазорати фарҳанг онҳо метавонанд кори худро шурӯъ намоянд.

“Бо раиси вилоят дар мавриди пешниҳоди худ ҳамсубат хоҳем шуд. Баъдан аз Вазорати фарҳанг бояд иҷозати фаъолият бигирем. Вале умед аст, ки ҳар ду ҷониб тасмими моро дастгирӣ ҳоҳанд кард. Ҳоло корҳои маъмурӣ ва ҷамъоварии гуруҳро низ оғоз намудем. Ва агар иҷозати фаъолият зудтар дода шавад, аз моҳи декабр намоишҳои худро ба роҳ хоҳем монд ”, – иброз дошт раиси ташкилти ҷамъиятии “Рузбеҳ". 

Наргис Розиқова, роҳбари бадеии Театри давлатии “Лухтак” – и шаҳри Душанбе низ тасмими гирифтаи Ташкилоти ҷамъиятии “Рузбеҳ”-ро саривақтӣ унвон кард ва гуфт. “Хоруғ низ бояд театри “Лухтак”-и худро дошта бошад”.

Розиқова мегӯяд, “Театри давлатии “Лухтак” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва шаҳри Бӯстони  вилояти Суғд фаъол аст ва дар шаҳри Хоруғ низ бояд фаъол гардад. Худи Зоҳир Шомусаламов барои таъсиси Театри “Лухтак” дар шаҳри Хоруғ бо мутахассисони  Театри давлатии “Лухтак”-и шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат гардида, дар тамрини ҳунармандон низ ширкат намуд. Ва мо дар ҳама ҳолат омодаи дастгирӣ ҳастем”, – илова кард номбурда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.