ФАО: Кишварҳои ОМ обро барои обёрӣ сарфакорона истифода намебаранд

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) нишондиҳандаи баландтарини об ба ҳар сари аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, гуфта мешавад дар гузориши нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО).

Захираҳои оби нӯшокӣ дар сайёра бо ҳисоб ба ҳар сари аҳолӣ тайи 20 соли ахир беш аз 20% кам шуданд, хабар медиҳанд коршиносони ФАО. Онҳо зарурати идоракуни бештар пурсамари захираҳои обиро таъкид мекунанд.

“Гузориши ФАО – бонги изтироб аст. Барои ҳалли мушкилоти норасоии об дар бахши кишоварзӣ ҳарчи зудтар қабул кардани тадбирҳои қатъӣ лозим аст”, – изҳор доштааст роҳбари Созмон Тсюй Дунъюй.

Дар ФАО қайд мекунанд, ки барои идоракунии пурсамари захираҳо обӣ, аз ҷумла ҷорисозии кишти зироати ба хушкӣ тобовар, истифодаи технологияҳои навтарин дар соҳаи аграрӣ, таҷдиди низомҳои обёрӣ ва ҷорӣ намудани квота ба об пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти коршиносони байнулмилалӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 10-гонаи пешсафони истеъмоли об дар ҷаҳон дохиланд: Туркманистон (5 319 м3/дар як сол, Қазоқистон (2 345 м3/дар як сол), Ӯзбекистон (2 295 м3/дар як сол), Қирғизистон (1 989 м3/дар як сол), Тоҷикистон (1 895 м3/дар як сол). Дар Русия ин нишондиҳанда тақрибан 0,4 ҳазор м3/дар як солро ташкил медиҳад.

Истеъмоли сатҳи баландтарини об дар муқоиса бо захираҳои барқароршавандаи худии об барои кишварҳои Ховари Миёна хос аст.

Дар кишварҳои паҳнои пасошӯравӣ бошад, боз ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ пегшсафанд: Ӯзбекистон (115,7%), Туркманистон (99,59%), Тоҷикистон (74,84%), Қирғизистон (42,37%), Арманистон (36,39%), Озарбойҷон (34,75%), Қазоқистон (30,47%), Украина (26,88%), Молдова (19,83%), Беларус (4,81%), Гурҷистон (2,56%), Русия (1,46%), Эстония (1,23%), Литва (1,07%), Латвия (0,81%).

Гуфта мешавад, барои гирифтани як воҳиди маҳсулот дар бахши кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ 1,5-3 баробар бештар нисбат ба кишварҳои рушдёфта об сарф мешавад.

Имрӯз дар хоҷагии оби Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар заминҳои кишти обёришаванда ва дар энергетика 92% ва дар саноату хоҷагии коммуналӣ – 4%-и ҳаҷми оби истеъмолшаванда харҷ мешавад.

Дар Тоҷикистон мушкилот дар таъминот бо об низ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳудуди 58%-и аҳолии ҷумҳурӣ ба таъминоти мутамарказ бо об дастрасӣ надоранд. Баъзе аз қисмати аҳолӣ то ҳол ба оби кашонидамешуда вобастаанд. Ҳудуди 30%-и шабакаҳои обрасонии кишвар бо сабабҳои гуногун кор намекунанд. Фарогирии аҳолӣ бо шабакаи обу корез наздики 23%-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 89% – аҳолии шаҳрҳо ва 10,1% – аҳолии шаҳрак ва марказҳои ноҳия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.