Ҳукумат аз кадом ҳисоб касри буҷети соли 2021-ро мепӯшонад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳадди ниҳоии умумии ҳаҷми каср (камбуд)-и Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 ба андозаи 0,5% нисбат ба ММД-и кишвар муқаррар шудааст, ки дар ифодаи пулӣ зиёда аз 463 млн сомонӣ (беш аз 41 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Сарчашмаҳои рӯйпӯш кардани буҷети кишварро дар соли оянда ҳукумат тариқи зайл муайян кардааст:

– қарзҳои дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин грантҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ – 253 млн сомонӣ;

– фурӯши векселҳо (васиқаҳо)-и хазинадорӣ – 100 млн сомонӣ;

– дивидендҳо (суд, фоида)-и саҳмияҳои давлатӣ – 31 млн сомонӣ;

– сарфаи маблағ аз тендерҳо ба хариди мол, кор ва хизматрасониҳо – 30 млн сомонӣ;

– даромад аз хусусигардонӣ ва ба иҷора додани моликияти давлатӣ – 24 млн сомонӣ;

– барзиёд иҷро кардани нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ – беш аз 15,1 млн сомонӣ;

–  маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ – 10 млн сомонӣ.

Қобили зикр аст, ки Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 рӯзи 20 ноябр аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расонида шуд.

Қисмати даромади буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 27,6 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо буҷети имсола 1,6 млрд сомонӣ зиёдтар аст.

Хароҷоти буҷет дар соли 2021 ба маблағи 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 1,7 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.