Ҳукумат аз кадом ҳисоб касри буҷети соли 2021-ро мепӯшонад?

Ҳадди ниҳоии умумии ҳаҷми каср (камбуд)-и Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 ба андозаи 0,5% нисбат ба ММД-и кишвар муқаррар шудааст, ки дар ифодаи пулӣ зиёда аз 463 млн сомонӣ (беш аз 41 млн доллар)-ро ташкил медиҳад. Сарчашмаҳои рӯйпӯш кардани буҷети кишварро дар соли оянда ҳукумат тариқи зайл муайян кардааст: – қарзҳои дохилӣ ва хориҷӣ, […]

Ҳадди ниҳоии умумии ҳаҷми каср (камбуд)-и Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 ба андозаи 0,5% нисбат ба ММД-и кишвар муқаррар шудааст, ки дар ифодаи пулӣ зиёда аз 463 млн сомонӣ (беш аз 41 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Сарчашмаҳои рӯйпӯш кардани буҷети кишварро дар соли оянда ҳукумат тариқи зайл муайян кардааст:

– қарзҳои дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин грантҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ – 253 млн сомонӣ;

– фурӯши векселҳо (васиқаҳо)-и хазинадорӣ – 100 млн сомонӣ;

– дивидендҳо (суд, фоида)-и саҳмияҳои давлатӣ – 31 млн сомонӣ;

– сарфаи маблағ аз тендерҳо ба хариди мол, кор ва хизматрасониҳо – 30 млн сомонӣ;

– даромад аз хусусигардонӣ ва ба иҷора додани моликияти давлатӣ – 24 млн сомонӣ;

– барзиёд иҷро кардани нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ – беш аз 15,1 млн сомонӣ;

–  маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ – 10 млн сомонӣ.

Қобили зикр аст, ки Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 рӯзи 20 ноябр аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расонида шуд.

Қисмати даромади буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 27,6 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо буҷети имсола 1,6 млрд сомонӣ зиёдтар аст.

Хароҷоти буҷет дар соли 2021 ба маблағи 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 1,7 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.