МегаФон Тоҷикистон “боми Хатлон”-ро бо интернети баландсуръати 4G таъмин намуд

Иттилоияи расмӣ

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ пойгоҳи базавии насли чорумро дар ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин (Шӯрообод)-и вилояти Хатлон ба кор даровард. Сокинони ноҳия бори нахуст ба интернети босуръати мобилӣ, ки суръати он то 25 Мбит дар як сония мерасад, дастрасӣ пайдо карданд.

Шӯрообод, ки айни замон бо номи шоири тоҷик Шамсиддин Шоҳин шинохта мешавад, дар наздикии сарҳади Афғонистон воқеъ мебошад. Он минтақаи аз ҳама баланди Хатлон ба шумор меравад. Релефи ҷуғрофӣ ва иқлими ғайриоддии чунин ноҳияҳо бурдарасонӣ ва васли таҷҳизоти алоқаро мушкил менамояд. Бо вуҷуди ин МегаФон Тоҷикистон мунтазам пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G-ро дар минтақаҳои баландкӯҳ ба кор медарорад. Барои ҳамин ҳатто боду ҳавои номусоид ба фаъолкунии "база" дар Шӯрообод монеа шуда натавонист.

“Барои сокинони нуқтаҳои аҳолинишин алоқа нақши аввалиндараҷа мебошад. Дар чунин маконҳо духтурону наҷотдиҳандагон даҳҳо километр дуранд. Барои дастраскунии ҳуҷҷати зарурӣ дар созмонҳои давлатӣ бошад, ҳамчунин зарур меояд, ки фосилаҳои зиёд тай карда шаванд. Акнун сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳам ба алоқаи боэътимоди овозӣ, ҳам ба интернети босуръат, ки дар ҳалли бисёр масъалаҳои маишӣ кӯмак менамоянд, соҳиб гардиданд”, – қайд менамояд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.

Интернети насли чорум бо сифати баланд фарқ карда, имкониятҳои он дар муқоиса бо имкониятҳои шабакаи 3G қариб даҳ маротиба зиёдтар аст. Акнун сокинони Шӯрообод метавонанд озодона онлайн-видео – барномаҳои омӯзишӣ ва филмҳои дӯстдоштаи худро тамошо намоянд, ба осонӣ портали хизматрасониҳои давлатӣ ва сомонаҳои ташкилотҳои заруриро аз ҷумла барои навбатгирӣ барои қабул ё барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо истифода баранд. Ҳалли бисёр масъалаҳо ва “сайри” Шабакаи ҷаҳонӣ акнун дар дилхоҳ макони қулай имконпазир аст – алоқаи 4G дар тамоми ҳудуди шаҳрак дастрас мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.