Аз оғози сол Тоҷикистон 150 тонна лимон содирот кард

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони ҳайати Иттиҳоди Аврупо, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Вазорати кишоварзӣ, Агентии содироти назди ҳукумат, ширкатҳои истеҳсолӣ ва коркард аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳамоиши тиҷоратӣ доир гардид. Истеҳсоли лимон дар Тоҷикистон зиёд буда, лекин ҳиссаи содироти он дар маҳсулоти кишоварзӣ начандон бузур аст, аз ин рӯ, Агенти содирот баҳри тақвияти […]

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони ҳайати Иттиҳоди Аврупо, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Вазорати кишоварзӣ, Агентии содироти назди ҳукумат, ширкатҳои истеҳсолӣ ва коркард аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳамоиши тиҷоратӣ доир гардид.

Истеҳсоли лимон дар Тоҷикистон зиёд буда, лекин ҳиссаи содироти он дар маҳсулоти кишоварзӣ начандон бузур аст, аз ин рӯ, Агенти содирот баҳри тақвияти имконоти содироти лимон, ки яке аз маҳсулоти афзалиятноки содироти ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ин ҳамоишро созмон дод.

Роҳбари Агентӣ Шавкат Бобозода баргузории форумро баррасии ҳалли ҳамаи мушкилот дар ин соҳа, бахусус дар мавриди содироти лимон, инчунин афзоиши минбаъдаи содироти лимон, ҳавасмандсозии ширкатҳои содиркунанда ва дастгирии истеҳсолкунандагони ин навъи меваҳои ситрусӣ унвон кард.

“Агентии мо барои дарёфти шарикони боэътимод, тақвияти имконоти фурӯш ва пешбурди маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тайи 10 моҳи ҳамин сол 150 тонна лимон асосан ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот шуд”, – хабар дод Бобозода.

Соли 2020 дар Тоҷикистон зиёда аз 4,4 ҳазор тонна лимон истеҳсол шуда, наздик ба 4 ҳазор тоннаи он ба хориҷи кишвар интиқол ёфт. Соли равон истеҳсолкунандагони ин меваи ситрусӣ ният доранд, ки ҳаҷми парвариши онро то ба 5 ҳазор тонна расонанд.

“Лимон яке аз меваҳои асосӣ барои содирот аз Тоҷикистон ба шумор рафта, ба рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ қодир аст”, – иброз дошт намояндаи ФАО дар Душанбе Олег Гучгелдиев.

Роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе Мэрилин Йозефсон изҳор намуд, ки дар шароити пандемия ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ бояд ҳамроҳ кор кунанд, то ки фаъолияти мунтазаму мураттаби ҳамаи зинаҳои истеҳсолу фурӯши маҳсулотро таъмин намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, дастрасии бемамониат ба маълумот оид ба фурӯши лимон, инчунин таҳлили босифати бозорҳои имконпазир ва нархҳо бояд ба ҳама дастрас бошанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Ёддошти тафоҳум байни истеҳсолкунандагони лимон, харидорони имконпазир аз Русия ва кишварҳои Ховари Миёна ва Агентии содирот дар бораи ҳамкории минбаъда дар саноати хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содирот ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.