Сомону Комроншоҳ “Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон” шуданд

Asia-Plus

Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков ду ҷудокори пуровозаи тоҷик унвони "Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро соҳиб шудаанд. Ин унвон аз сӯйи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба ин ду паҳлавони хушном тақдим шудааст.

Комроншоҳ Устопириён дар таърихи ҷудои Тоҷикистон нахустин касест, ки дар ин риштаи варзиш Қаҳрамони Осиёи шудааст. Ӯ солҳои 2016 ва 2017 ду бор пайи ҳам медоли тиллои ин мусобиқотро ба гардан овехтааст. Соли 2015 медали биринҷии ин мусобиқа ва соли 2019 медали нуқраи ҳамин сабқатҳоро ба даст овардааст.

Ҳамчунин Комроншоҳ Устопириён аз Гранд-Приҳои ҷудо 8 медал: се тилло (Остона-2014, Тошканд-2017 ва Онтолиё-2018), се биринҷ ва 2 нуқра ба даст овардааст. Комроншоҳ ҳоло 27 сол дорад ва чанде пеш дар Олмон дасташ ҷарроҳӣ шуда буд.

Сомон Маҳмадбекови 21-сола ҳам аз паҳлавонони ҷавони сатҳи ҷаҳонии риштаи ҷудо аст, ки таҳти сарпарастии амакҳояш Эргаш маҳмадбеков в Фотеҳ Маҳмадбеков дар Русия тамрин мекунад.

Сомон Маҳмадбеков миёни тоҷикон аввалин варзишкорест, ки аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар моҳи октябри соли 2017 дар шаҳри Загреби Хорватия нишони биринҷиро ба даст овард.

Соли 2019 Сомон дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар марокаш медоли тиллоро ба даст овард ва аз Тоҷикистон нахустин касе шуд, ки ба ин поя расид. Сомон ҳамчунин моҳи августи соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон (Токио-2019) барандаи мақоми ифтихории 5-ум шуд. 23-ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи "Тоскулоҳи бузурги Осака-2019" (Osaka Grand Slam-2019) сазовори мақоми сеюм гардид.

Имсол Сомон ва Комроншоҳ ба далели ҳамагирии вируси куруно натавонистанд дар сабқатҳои ҷаҳонии ҷудо ширкат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.