Сомону Комроншоҳ “Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон” шуданд

Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков ду ҷудокори пуровозаи тоҷик унвони "Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро соҳиб шудаанд. Ин унвон аз сӯйи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба ин ду паҳлавони хушном тақдим шудааст. Комроншоҳ Устопириён дар таърихи ҷудои Тоҷикистон нахустин касест, ки дар ин риштаи варзиш Қаҳрамони Осиёи шудааст. Ӯ солҳои 2016 ва 2017 ду бор пайи […]

Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков ду ҷудокори пуровозаи тоҷик унвони "Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро соҳиб шудаанд. Ин унвон аз сӯйи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба ин ду паҳлавони хушном тақдим шудааст.

Комроншоҳ Устопириён дар таърихи ҷудои Тоҷикистон нахустин касест, ки дар ин риштаи варзиш Қаҳрамони Осиёи шудааст. Ӯ солҳои 2016 ва 2017 ду бор пайи ҳам медоли тиллои ин мусобиқотро ба гардан овехтааст. Соли 2015 медали биринҷии ин мусобиқа ва соли 2019 медали нуқраи ҳамин сабқатҳоро ба даст овардааст.

Ҳамчунин Комроншоҳ Устопириён аз Гранд-Приҳои ҷудо 8 медал: се тилло (Остона-2014, Тошканд-2017 ва Онтолиё-2018), се биринҷ ва 2 нуқра ба даст овардааст. Комроншоҳ ҳоло 27 сол дорад ва чанде пеш дар Олмон дасташ ҷарроҳӣ шуда буд.

Сомон Маҳмадбекови 21-сола ҳам аз паҳлавонони ҷавони сатҳи ҷаҳонии риштаи ҷудо аст, ки таҳти сарпарастии амакҳояш Эргаш маҳмадбеков в Фотеҳ Маҳмадбеков дар Русия тамрин мекунад.

Сомон Маҳмадбеков миёни тоҷикон аввалин варзишкорест, ки аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар моҳи октябри соли 2017 дар шаҳри Загреби Хорватия нишони биринҷиро ба даст овард.

Соли 2019 Сомон дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар марокаш медоли тиллоро ба даст овард ва аз Тоҷикистон нахустин касе шуд, ки ба ин поя расид. Сомон ҳамчунин моҳи августи соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон (Токио-2019) барандаи мақоми ифтихории 5-ум шуд. 23-ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи "Тоскулоҳи бузурги Осака-2019" (Osaka Grand Slam-2019) сазовори мақоми сеюм гардид.

Имсол Сомон ва Комроншоҳ ба далели ҳамагирии вируси куруно натавонистанд дар сабқатҳои ҷаҳонии ҷудо ширкат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.