Сеяки андозу боҷи рӯйпӯшшударо ба мақомоти онҳоро ошкоркарда медиҳанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз соли оянда 30% аз маблағи умумии андозу боҷҳои рӯйпӯшкардашуда (камтар нишондодашуда), фоизу ҷаримаҳо аз он, ки ошкор карда мешаванд, ба Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дода мешаванд.

Дар Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2021 қайд мешавад, ки ин амал, аз ҷумла барои ҳавасмандсозии кормандони мақомоти андоз ва гумрук, инчунин таҳкими заминаи моддӣ-техникии ин ниҳодҳо роҳандозӣ мегардад.

Ин меъёрҳои қонун танҳо ба андози иҷтимоӣ, реҷаи махсуси андозбандӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ дахл надошта, рӯйпӯшкунӣ дар онҳо дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор карда мешавад.

Кумитаи андоз қаблан чандин маротиба дар бораи ҳолатҳои ошкор кардани рӯйпӯшкунии андозҳои чандинимиллионӣ, аз ҷумла пас аз санҷиши операторони алоқаи мобилӣ маълумот дода буд.

Ҳаҷми воридоти маблағ аз пардохти андоз дар буҷети соли оянда 18,8 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 68% аз ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷетро ташкил медиҳад.

Нисбат ба буҷети соли ҷорӣ, соли оянда ба маблағи 890 млн сомонӣ (5%) зиёд кардани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет аз пардохти андоз ба нақша гирифта шудааст.

Афзоиши ҳаҷми воридоти маблағ аз пардохти андоз ба буҷет аз ҳисоби зиёд кардани ҷамъоварии андозҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– ААИ: 7 млрд. 666 млн сомонӣ (афзоиш дар муқоиса бо буҷети соли 2020 – 4,7% ё худ 344 млн. сомонӣ);

–  аксиз: 680 млн сомонӣ (афзоиш дар муқоиса бо буҷети соли 2020  – 10,6% ё худ 65 млн. сомонӣ);

– андоз аз фоида: 2,1 млрд. сомонӣ (афзоиш дар муқоиса бо буҷети соли 2020 – 2,7% ё худ 53 млн. сомонӣ);

– андоз аз даромад: 2,3 млрд. сомонӣ (афзоиш дар муқоиса бо буҷети соли 2020 – 6,6%  ё худ 146 млн. сомонӣ).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.