Чаро шаҳрдорӣ дигар ба “Мактаби сол”-у “Омӯзгори сол” хона намедиҳад?

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол”, “Мураббии сол” ва “Хонандаи сол” ҷамъбаст шуд. Ба иттилои торнамои шаҳрдорӣ ғолиби даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол-2020” – мураббии муассисаи таҳсилоти  томактабии № 132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода дониста шуд.

Ҳамчунин омӯзгори кимиёи Литсейи №3  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов “Омӯзгори сол” ва  хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи умумии № 52 Сумая Абдулфаёзиддин  “Хонандаи сол – 2020” эълон шудаанд. Ин ғолибон акнун шонси худро дар даври ҷумҳурявии озмун месанҷанд.

Гуфта мешавад, ки дар дар озмунҳои мазкур 853 омӯзгор, 90 хонанда ва 55 мураббӣ  иштирок кардаанд.

Ҳамзамон аз Вазорати маориф ва илм ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дарваи ҷумҳуриявии ин озмун аз имрӯз 7-уми январ  то 9-уми январ идома мекунад.

Баъди эълони ғолибон аз сӯйи шаҳрдории Душанбе бархе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки дар давраи шаҳдори Душанбе будани Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ғолибони ин озмунҳо хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим мешуд, чаро ҳоло дигар ин ҷоиза тақдим намешавад. 

Ҳоло дар мавриди мукофоти ин пирӯзҳои озмун чизе гуфта намешавад, вале дар даврони раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори пешини Душанбе чанд бор ба ғолибони “Мактаби сол”-у “Омӯзгори сол” хона тақдим шуда буд.

Бори охир Убайдуллоев дар соли 2016 ба мактаби рақами 52, ки ғолиби озмуни «Мактаби сол-2015» шуд, як манзили сеҳуҷрагӣ дар кӯчаи Беҳзод-32 тақдим карда буд.

Аммо ҳоло Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки «то ҳол мукофоти ғолибони озмун муайян нест ва танҳо рӯзи 9-уми декабр дар маросими ҷамъбастӣ ва мукофотонидани ғолибони озмун маълум мегардад, ки онҳо кадом мукофотҳоро сазовор мегарданд».

Аз шаҳрдории пойтахт ҳам ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки ҳамасола ғолибони озумнҳои шаҳрӣ дар рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел) аз сӯйи раиси шаҳри Душанбе бо дипломи ҳукумати Душанбе ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Соли гузашта омӯзгор ва мураббии сол бо маблағи 6 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуда, хонандаи сол бошад 4 ҳазор сомон муфотпулӣ ба даст оварда буд.

Аммо аз шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ки ҳоло дар даври ҷумҳурявӣ танҳо се озмун:«Омӯзгори сол», «Мурабии сол» ва «Хонандаи сол» баргузор мегардад, ки ба ғолибон то кунун боре ҳам хона тақдим нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.