Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Афғонистону ИМА мулоқот мекунанд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам мулоқот хоҳанд кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ ин мулоқот маҷозӣ буда, қарор аст имрӯз, 7-уми январи соли 2021 баргузор шавад. Вазорат дар мавриди чигунагии ин нишаст ва масоили дар он гузориш […]

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам мулоқот хоҳанд кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ ин мулоқот маҷозӣ буда, қарор аст имрӯз, 7-уми январи соли 2021 баргузор шавад. Вазорат дар мавриди чигунагии ин нишаст ва масоили дар он гузориш надода, танҳо гуфтааст ин мавзуъ дар мулоқоти рӯзи 4-уми январи сафири Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ бо вазири хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ шудааст.

Вазорати хориҷиа нишасти маҷозии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз мавзуъҳои вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Кобул  дониста гуфтааст, ки  рӯзномаи он бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон баррасӣ шудааст. 

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар як хабарномаи нашркарда дар саҳфаи расмии интернетияш гуфтааст, ки "Шарифӣ дар мавриди омодагиҳои кишвараш перомуни роҳандозии нишасти сеҷониба миёни Афғонистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба оқои Атмар маълумоти муфассал дод".

Аммо вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар мавриди ҷузъиёти ин нишаст чизе нагуфтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.