Конгресси ИМА пирӯзии Байденро таъйид кард

Конгресси ИМА дар ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлис пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи моҳи ноябри соли 2021 таъйид кард. Ҳамин тавр Байдени 78-сола баъди маросими савгандёдкунӣ, ки қарор аст 20-уми январ баргузор шавад, раисҷумҳури 46-уми Амрико хоҳад буд.  Тасдиқи оро расмиёти охирини интихоботи Амрико буд ва ҳамингуна иҷоза медиҳад, ки Ҷо Байден ва муовини баргузидаи […]

Конгресси ИМА дар ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлис пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи моҳи ноябри соли 2021 таъйид кард. Ҳамин тавр Байдени 78-сола баъди маросими савгандёдкунӣ, ки қарор аст 20-уми январ баргузор шавад, раисҷумҳури 46-уми Амрико хоҳад буд. 

Тасдиқи оро расмиёти охирини интихоботи Амрико буд ва ҳамингуна иҷоза медиҳад, ки Ҷо Байден ва муовини баргузидаи ӯ Камалла Ҳари рӯзи 20-уми январ расман савганд ёд кунанд. Аз ҳисоби ҳайатҳои интихоботӣ Ҷо Байден 306 раъй ва Доналд Трамп 232 раъй ба даст овардаанд.

Конгресс пирӯзи Байденро дар ҳоле таъйид кард, ки рӯзи чоршанбе шуморе аз ҳаводорони Доналд Трамп, ки дар интихобот шикаст хӯрд ба бинои Капитол ҳуҷум карданд ва ҷаласаи муштаракро барҳам заданд. Дар натиҷаи ин ҳамлаи ҳаводорони Трамп 4 нафар ба ҳалокат расидаву 80 нафарро пулис боздошт кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.