Дидор Саъдуллоев сири пирӯзияш дар озмуни ЮНЕСКО-ро гуфт

Моҳи ноябр ЮНЕСКО озмуни беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табии Осиёи Марказиро таҳти унвони «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» эълон кард. Дирӯз аз ин озмун натиҷагирӣ шуд ва се акси Дидор Саъдуллоев ҳам барои намояҳои тақвими 2021-и Юнеско баргузида шуданд. Мо аз Дидор Саъдуллоев пурсидем, ки чӣ гуна ба ин озмун раҳ ёфту чӣ тавр ЮНЕСКО […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia Plus

Моҳи ноябр ЮНЕСКО озмуни беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табии Осиёи Марказиро таҳти унвони «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» эълон кард. Дирӯз аз ин озмун натиҷагирӣ шуд ва се акси Дидор Саъдуллоев ҳам барои намояҳои тақвими 2021-и Юнеско баргузида шуданд.

Мо аз Дидор Саъдуллоев пурсидем, ки чӣ гуна ба ин озмун раҳ ёфту чӣ тавр ЮНЕСКО як созмони муътабари ҷаҳонӣ ба аксҳои ӯ таваҷҷуҳ кардааст.

– Вақте 18 ноябри соли 2020 эълони озмуни беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табиии Осиёи Марказиро таҳти унвони «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» хондам тасмим гирифтам, ки дар ин озмун ширкат кунам. Ба ин озмун 15 акси худро, ки аз манзараҳои Тоҷикистон қисса мекарданд пешниҳод кардам. Пас аз Соли нав  ҷавоб омад, ки се акси ман барои «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО» баргузида шуданд.

Ба ҳамин содагӣ?

– Бале, дар озмунҳои байналмилалӣ карру фари зиёдатӣ даркор нест, хусусан дар озмунҳои ҳунарӣ. Онҳо ба ҳунар, ба фалсафаи аксҳову  паёме, ки аксҳо медиҳанд таваҷҷуҳ мекунанд, на ба шаҳомату  гуфутушунфти барзиёд.

Фикр мекунед, чаро ин се акс баргузида шуданд?

– Ман фикр мекунам, ки дар ин интихоб ҳам кӯҳҳои мо, ҳам табиати мо ва ҳам Қалъаи Ҳисор ҳам ба хотири ривоятгари таърих буданаш интихоб шудааст. “Чилдухтарон”-ро ман барои онҳо ривояти таърихии онро навишта будам, шояд аз ин хотир буда бошад.

Бистгонаи аксҳи бартари соли 2020-и Дидор

Се аксе, ки баргузида шудаанд, ба гуфти Дидор яке дар рӯй асп писарбачае шиштааст, ки он дар манзараҳои дилфиреби Чилдухтарони Муминобод бардошта шудааст. Акси дигаре аз вақти сармои шадид зери кӯҳҳои Чорбоғи Варзоб қисса мекунаду акси сеюм замони ғуруби офтоб дар тирамоҳи Қалъаи Ҳисор аст, ки рангомезии ғуруби офтоб бо зардии хазони тирамоҳи тавъам афтодаву манзараи хосе ҳосил кардаанд.

Худи Шумо чӣ тахмин мезадед, ки кадом аксатон бояд баранда мешуд?

– Ростӣ, ин озмун бисёр бонуфуз ва калон буд. Ман гуфтам агар интихоб шавад ҳамон аксе, ки писарбача рӯйи он бозӣ мекунад, интихоб мешавад. Дар ҳар сурат интихоби онҳо барои ман ҳам хеле ғайримунтазир буд. Ман танҳо барои муаррифии Тоҷикистон аксҳоро фиристодам, хеле дар фикри баранда шудан ҳам набудам

Ин озмун чӣ ҷоизаву чӣ қадар пул дорад?

– Дар мактуб гуфта буданд, ки суроғаамро нависам то дипломи ЮНЕСКО ва тӯҳфаи хотиравиро бифристанд. Дар бораи ин ки пул медиҳанд ё не чизе гуфта нашудааст.

Дидор Саъдуллоев хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Солҳои 2014—2015 дар факултаи аккосии Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва текноложии Маскав аксбардориро ба таври ҳирфаӣ аз машҳуртарин аксбардорҳои Русия омӯхтааст ва дар риштаи аксбардор-хабарнигор мадрак гирифтааст.

Дар хабаргузории “Ховар”, ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва бархе расонаҳои маҳаллии Русия кор кардааст.  Аз соли 2014 то кунан дар Бошқирдистон, Маскав, Олмотӣ ва Душанбе намоиши аксҳояшро баргузор кардааст.

Дидор Саъдуллоев бори охир дар Қазоқистон барандаи ҷоизаи озмуни минтақаии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар мавзӯи муҳоҷират шудааст. Ӯ мегӯяд ба аксбардорӣ аз майдони маъруф ба ҳайкали Исмоили Сомонии Душанбе ҳаваскорона ворид шудаву онро маслакӣ омӯхтаасту ҳоло талош мекунад, ки ба сатҳи беҳтарин аксбардорҳои тоҷик бирасад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.