Даъвати Лоиҳаи Фонди тоҷикистонии Оғохон ба озмуни фурӯши трансформатор

Таблиғот

ДАЪВАТНОМА

 барои  иштирок дар озмуни фурӯши трансформатор

Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Куҳистон (БҶИИМК)-лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон барои ба фурӯш баровардани  молу таҷҳизоти  зерин   озмун  эълон менамояд:

Предмети фурӯшро дар суроғаи нишондодашуда  дар давраи аз 20.01.2021 сол то 09.02.2021 сол аз  соати  9.00 то 17.00 (фақат дар рӯзҳои корӣ) аз назар гузаронидан мумкин аст.

Шахси масъул барои  тамос ва пешниҳоди предмети фурӯш барои дида баромадан:  Ҳукмов Беҳзод телефон: 93-111-45-45, email: [email protected]

Шахсони ҳавасманд метавонанд пешниҳодҳои худро ба дафтарҳои кории БҶИИМК дар суроғаҳои шаҳри  Кулоб, кӯчаи Худоёр Назаро-8 ва  шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137,Тоҷикматлубот, ошёнаи  4  ба шахсони зерин  пешниҳод кунанд:

* дар ш. Кӯлоб: Ҳукмов Беҳзод, телефон: 93 111-45-45;  еmail: [email protected]

* дар ш. Душанбе Қудратов Улфатшо, телефон: 93 707-80-20;  еmail: [email protected]

Мӯҳлати охири пешниҳоди дархостҳо  то  соати 09:00 санаи  10 феврали соли 2021. Дархостҳо  бояд дар лиффофаи маҳкамшуда (мӯҳрзада) ба суроғаҳои дар боло зикршуда   пешниҳод шаванд. Дар қисми берунии лифофа бояд навиштаҷоти “Хариди трансформатори ГКПТ-100/6/0,4 КВт ” ва  ному насаби иштирокчии музояда  мавҷуд бошад.

Дар дохили лифофа бояд ҳуҷҷатҳои зерин гузошта шаванд:

* пешниҳоди харид бо нишон додани номгуйи  ва нархе, ки иштирокчии музояда барои хариди предмети фурӯш  пешниҳод кардааст бо рақам ва бо ҳарф;

* нусхаи ҳар ду тарафҳои шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 * маълумот дар бораи телефон ва дигар воситаҳои тамос бо иштирокчии музояда.

Пешниҳодҳо баррасӣ карда намешаванд, агар дар шакли кушод ва ё дертар аз мӯҳлати муқарраршуда ворид шудаанд ва агар дар дохили лифофа  ҳуҷҷатҳои талабшуда  мавҷуд набошанд.

Ғолиби озмун шахс (ё ташкилоте) дониста мешавад, ки барои хариди предмети фурӯш нисбати дигар иштирокчиён нархи баландтаринро пешниҳод карда бошад.

Пардохти маблағ барои  трансформатор бояд дар шакли пули нақд  ва ё  ғайринақдӣ дар асоси шартҳои шартомаи хариду фурӯш дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи бонкӣ   ба суратҳисоби  БҶИИМК интиқол дода шавад.

Трансформатор аз рӯи  принсипи “чи  гуна аст ва дар куҷо” ва бе ягон  кафолат  аз тарафи  БҶИИМК  фурӯхта мешаванд.

Предмети фурӯш ба харидор танҳо баъди пурра пардохт шудани нархи музоядавии он ба суратҳисоби ташкилот, супорида мешавад. Трасформатори фурӯхташуда иваз ва бозпас қабул карда намешаванд. БҶИИМК барои таъмир, интиқол ва расонидани ягон хизматрасонӣ ба предмети фурӯхташуда масъулият надорад.

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  11.00 санаи  10-уми феврали соли 2021 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК  ба суроғаҳои болозикршуда барои иштирок дар раванди кушодани  лифофаҳои ба озмун пешниҳодшуда, даъват карда мешаванд ва ё метавонанд тариқи онлайн тавассути Skype иштирок намоянд. 

Ташкилот-Фурӯшанда  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни музояда ягон ӯҳдадорӣ ё ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фурӯшанда инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...