Дар Тоҷикистон ниме аз корхонаҳои сабтиномшуда кор намекунанд: сабаб чист?

Дар Феҳристи давлатии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 зиёда аз 48 ҳазор субъектҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ (корхонаҳои хусусиву давлатӣ ва дигар корхонаҳо) ба қайд гирифта шудааст. Ба аввали соли ҷорӣ танҳо ҳудуди 36 ҳазор адади онҳо (75%) фаъолият дошта, зиёда аз 12 ҳазор адади онҳо (25%) кор намекарданд. Сабабҳои қатъи фаъолияти ин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Феҳристи давлатии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 зиёда аз 48 ҳазор субъектҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ (корхонаҳои хусусиву давлатӣ ва дигар корхонаҳо) ба қайд гирифта шудааст.

Ба аввали соли ҷорӣ танҳо ҳудуди 36 ҳазор адади онҳо (75%) фаъолият дошта, зиёда аз 12 ҳазор адади онҳо (25%) кор намекарданд.

Сабабҳои қатъи фаъолияти ин иқтидорҳо омилҳои гуногун номбар мешаванд, аз қабили камбуди ашёи хом ё воситаҳои гардиш, анҷоми муҳлати иҷозатнома, кори мавсимӣ, фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолмешуда, тағйирёбии самти кор, баҳсҳои амволӣ ва ғайра.

Соли гузашта (2020) 1193 корхонаи нав ба қайд гирифта шуда, 850 корхона фаъолияти худро қатъ намуданд.

Ҳудуди 36% аз ҳамаи корхонаҳои амалкунанда дар қаламрави вилояти Суғд, 31,5% – дар вилояти Хатлон, 18,4% – дар Ноҳияҳои тобеи марказ, 12,7% – дар шаҳри Душанбе ва 1,7% – дар қаламрави ВМКБ фаъолият доранд.

Аксарияти корхонаҳои фаъол дар бахши кишоварзӣ, тиҷорату савдо, сохтмон, миёнаравии молиявӣ ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ кор мекунанд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ 2274 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 265-тои онҳо ба корҳои истихроҷ, зиёда аз 1,8 ҳазорашон ба коркарди маҳсулот ва 76-тоашон ба таъминот бо барқу газ ва об машғуланд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ба ҷуз идоракунии корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ҳукумат дар сармояи оинномавии 140 ширкат ҳисса дорад, аз ҷумла дар 136 ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва 4 Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд.

Байни онҳо 47-тоашон корхонаҳои истеҳсолӣ ва 19-тоашон ширкатҳои сохтмон буда, 74-то аз онҳо ба пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун машғуланд.

Дар сармояи оинномавии 118 ширкатҳои саҳҳомӣ 100%-и бастаҳои саҳмия ба давлат тааллуқ дорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, то 1 октябри соли 2020 қарзи умумии корхонаҳои кишвар наздики 87 млрд сомонӣ (8,2 млрд доллар)-ро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.