Донишҷӯёни тоҷик кай ба Русия баргашта метавонанд?

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Макотиби олии Русия аз 8 феврал ба таҳсили муқаррарӣ бармегарданд. Дар ин робита мо талош варзидем, ки ба масъалаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанду бар асари пандемия ба ин кишвар рафта наметавонанд, каме равшанӣ андозем.

Вазорати маорифи Русия ба макотиби олии ин кишвар ҷиҳати гузаштан аз таҳсили фосилавӣ ба муқаррарӣ аз 8 феврал иҷоза дода, лекин дар сурати бад шудани вазъи марбут ба эпидемия, онҳо бояд ба барқарор кардани тадбирҳои маҳдудкунӣ омода бошанд.

Масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии Русия шояд дар доираи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия, ки рӯзҳои 8-9 феврал дар Маскав баргузор мешавад, роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода зимни нишасти хабарии рӯзи 5 феврал дар ин бора изҳор дошт, ки дар 27 макотиби олии кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 40 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил дошта, бо мақомоти марбутаи ин кишварҳо бобати чӣ гуна ба идомаи таҳсил баргаштани онҳо гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Бино ба маълумоти Вазорат, зиёда аз 1800 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии олии Русия таҳсил мекунанд, дар Тоҷикистон дармондаанд, лекин шумори онҳо шояд зиёдтар бошад, чунки 1800 нафар касоне мебошанд, ки дар платфомаи махсуси Вазорат сабт шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Илҳом Камолзода хабар дод, айни замон вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия, аз ҷумла донишҷӯён манъ буда, лекин донишҷӯёни дар Тоҷикистон боқимонда таҳсилро фосилавӣ идома медиҳанд ва рейтингу имтиҳонҳоро муваффақона месупоранд.

“Ба донишҷӯёне, ки бо сабабҳои беморӣ, техникӣ ё вазъи оилавӣ дар таълими фосилавӣ (онлайн) иштирок карда наметавонанд, мактабҳои олии Русия гирифтани рухсатии академиро пешниҳод мекунанд, лекин шумори чунин донишҷӯён хеле кам аст, ҳамагӣ ба 10-12 нафар чунин пешниҳод шудааст”, – гуфт Илҳом Камолзода.

Ба гуфтаи ӯ, ба донишҷӯёне, ки дар риштаи тиб ё техникӣ таҳсил мекунанд, низ пешниҳод шудааст, ки рухсатии академӣ гиранд.

“Ба донишҷӯёне, ки барояшон гузаштан аз таҷрибаи тахассусӣ зарур аст, мо омодаем, ки шароит фароҳам оварем, лекин то ҳол чунин муроҷиатҳо нашудааст”, – илова кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...