Мунтахаби наврасони Тоҷикистон – ғолиби “Ҷоми рушд-2021”

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск (Беларус) ғолиб дониста шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии охирини мусобиқа футболбозони навраси тоҷик тими миллии Беларусро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд. Дар ду бозии аввали мусобиқа футболбозони тоҷик бар ҳамсолони худ аз дастаҳои Қазоқистон […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск (Беларус) ғолиб дониста шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии охирини мусобиқа футболбозони навраси тоҷик тими миллии Беларусро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд.

Дар ду бозии аввали мусобиқа футболбозони тоҷик бар ҳамсолони худ аз дастаҳои Қазоқистон (7:1) ва Молдова (5:1) дастболо шуда буданд.

Ба ин тариқ, мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) аз 9 холи имконпазир 9 хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Сафармад Ғаффоров беҳтарин дарвозабон, капитани даста Меҳрубони Абдурауф беҳтарин ҳимоятгар ва нимҳимоятгар Хусрав Тоиров бозингари беҳтари мусобиқаи “Ҷоми рушд-2021” эътироф гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.