Афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ миёни наврасон дар Хатлон

Соли 2020 дар вилояти Хатлон 33 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан байни наврасон ба қайд гирифта шудааст, ки 9 ҳодиса зиёдтар нисбат ба соли 2019 аст. Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Малика Шукурзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки чунин ҳодисаҳо аз ҳама зиёдтар дар ноҳияи Вахш – 4 ҳолат ба қайд […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Соли 2020 дар вилояти Хатлон 33 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан байни наврасон ба қайд гирифта шудааст, ки 9 ҳодиса зиёдтар нисбат ба соли 2019 аст.

Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Малика Шукурзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки чунин ҳодисаҳо аз ҳама зиёдтар дар ноҳияи Вахш – 4 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

“Се ҳодисагӣ – дар Леваканту, Хуросон, Қубодиён, Кӯлоб, Шаҳритус, 2 ҳодисагӣ – дар Восеъ, Темурмалик, Фархор, Кӯшониён, Ховалинг, 1 ҳодисагӣ – дар Дӯстӣ, Панҷ, Балх ва Н.Хусрав сабт шудааст», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар кадоме аз ин ҳодисаҳо алоҳида бо ҷалби омӯзгорону волидон ва ҳамсинфон мавриди таҳлил қарор гирифт.

“Сабабҳои асосии ба ин амал даст задани ноболиғон –  муноқишаҳои оилавӣ ва бемориҳои равонӣ аст, – иброз дошт ӯ. – Инчунин сабабҳое низ ҳастанд, ки ҳоло номаълулманд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он машғул аст”.

Зимнан зикр шуд, ки раҳбарияти Раёсат аз афзоиши ҳолатҳои худкушӣ байни мактаббачгон нигарон буда, бо ин мақсад барои баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ байни хонандагону волидон ва ҳайати омӯзгорони муассиаҳои таълимӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил кардааст.

Тибқи маълумоти прокуратураи вилояти Хатлон, соли гузашта дар минтақа ҳамагӣ 149 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 6 ҳолат зиёдтар дар муқоиса бо соли гузашта аст ва дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 29 ҳолаташ ба ноболиғон рост меояд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки соли гузашта барои амали то ба худкушӣ расонидан 6 парвандаи ҷиноятӣ (соли 2020 – 20 парванда) боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио