Аз кандашавии пирях дар Ҳиндустон 125 кас бедарак шуд

Бар асари кандашавии пирях дар Ҳимолой, ки сарбандро рахна карда, ба обхезӣ дар музофот (штат)-ии Уттаракханд дар шимоли Ҳиндустон боис гардид, 125 нафар бедарак шуданд. Ҳарчанд сокинони деҳаи дар водии зериобмонда ба ҷой бехавф кӯчонида шуда бошанд ҳам, макони будубоши ҳадди ақал 125 кас номаълум аст, огоҳ кардааст сарвазир Тривендра Сингх Рават, иттилоъ медиҳад хабаргузории […]

Asia-Plus

Бар асари кандашавии пирях дар Ҳимолой, ки сарбандро рахна карда, ба обхезӣ дар музофот (штат)-ии Уттаракханд дар шимоли Ҳиндустон боис гардид, 125 нафар бедарак шуданд. Ҳарчанд сокинони деҳаи дар водии зериобмонда ба ҷой бехавф кӯчонида шуда бошанд ҳам, макони будубоши ҳадди ақал 125 кас номаълум аст, огоҳ кардааст сарвазир Тривендра Сингх Рават, иттилоъ медиҳад хабаргузории ВВС.

Мансабдор гуфтааст, наҷотбахшон то ҳол ҷасадҳои 7 нафарро пайдо карда, корҳо дар минтақаи офат идома доранд. Ба корҳои наҷотдиҳӣ садҳо нафар бо шумули воҳидҳои пулис, артиш ва чархболҳои низомӣ сафарбар шудаанд.

“Ҳамааш хеле зуд рух дод, фурсате набуд, ки ба ҷойе дар ин бора хабар диҳем”, – гуфтааст ба хабаргузории Рейтер сокини маҳаллии назди минтақаи зериобмонда Санҷай Сингх Рана.

Пирях аз кӯҳи Нандадеви, дуюмини қуллаи баландтарин дар Ҳиндустон ва шомил ба низоми кӯҳии Ҳимолой канда шуда, ба сарбанди ду неругоҳи барқи обии мавриди сохтмон қарордошта зарба мезанад.

Тавре аз кадрҳо бармеояд, яке аз сарбандҳо рахна шудааст. Аксарияти бедаракшудагон коргарони машғули сохтмондар ин неругоҳҳоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио