Сарвазири Тоҷикистон ба Маскав рафт

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз, 8 феврал ба сифати роҳбари ҳайати сохторҳои иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ ба Маскав рафт. Дар пойтахти Русия рӯзҳои 8-9 феврал ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия доир мегардад. Дар баробари масоили рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо, дар ҷаласа инчунин баррасии масъалаҳои барқарор намудани парвозҳои мунтазам, бозгашти муҳоҷирони тоҷик […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз, 8 феврал ба сифати роҳбари ҳайати сохторҳои иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ ба Маскав рафт.

Дар пойтахти Русия рӯзҳои 8-9 феврал ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия доир мегардад.

Дар баробари масоили рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо, дар ҷаласа инчунин баррасии масъалаҳои барқарор намудани парвозҳои мунтазам, бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва мушкилоти донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таълимии олии Русия дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, тавре сомонаи Росмолодеж хабар медиҳад, 3 феврал ҷаласаи қисмати русиягии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ байни Русия ва Тоҷикистон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.

Дар ҷаласа масоили рушди муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Русия, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои маорифу энергетика ва дигар масоили рӯзномаи ҷаласаи 17-уми Комиссяи баррасӣ шудаанд.

Муовини роҳбари Агентии федералии кор бо ҷавонон Павел Абрамов қайд кардааст, ки дар доираи ҳамкориҳо дар соли 2021 даъвати ҷавонон аз Тоҷикистон ба иштирок дар як қатор чорабиниҳои бузург, аз қабили Ҳамоиши VI байнулмилалии ҷавонони «Евразия Global», Муколамаи пешвоёни ҷавонон дар шакли ИДМ-СҲШ-СААД, инчунин чорабиниҳо дар самти Лоиҳаи ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар самти “Русия – минтақаи Осиёи Марказӣ” ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.