Оғози парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 46 нафар волидони хонандагон дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон барои монеъа эҷод кардан ба таҳсилоти фарзандон нисбат ба 46 нафар волидони хонандагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо мутобиқи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии ҶТ муҷозот шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар вилояти Хатлон барои монеъа эҷод кардан ба таҳсилоти фарзандон нисбат ба 46 нафар волидони хонандагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо мутобиқи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии ҶТ муҷозот шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 2 сол ё ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Тавре дар прокуратураи вилояти Хатлон хабар доданд, соли 2020 дар доираи татбиқи қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” санҷишҳои прокурорӣ доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он нисбат ба 775 нафар волидон парвандаҳои маъмурӣ боз шудааст.

“Ҳамчунин 361 нафар кормандони муассисаҳои маориф ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб шуданд", – қайд карданд дар прокуратура.

Соли 2020 дар вилояти Хатлон 206 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки 14 ҳолат камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.