Диаспораи тоҷикони Екатеринбург табибонро бо оши палав зиёфат кард

Бо ибтикори Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия диаспораи тоҷикони вилоятҳои Свердловск ва Челябинск барои ҳайати кормандони тиббии госпитали собиқадорони ҷанги Екатеринбург зиёфтаи оши палави дӯстона ва ёрии ҳамдигарӣ ташкил кард. Зиёфат ба хотири арчгузорӣ ва эътироф ба фаъолияти табибон дар шароити хатарнок барои ҳаёт, аз ҷумла дар мубориза бо COVID-19 ташкил шуд. Дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо ибтикори Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия диаспораи тоҷикони вилоятҳои Свердловск ва Челябинск барои ҳайати кормандони тиббии госпитали собиқадорони ҷанги Екатеринбург зиёфтаи оши палави дӯстона ва ёрии ҳамдигарӣ ташкил кард.

Зиёфат ба хотири арчгузорӣ ва эътироф ба фаъолияти табибон дар шароити хатарнок барои ҳаёт, аз ҷумла дар мубориза бо COVID-19 ташкил шуд.

Дар ташкили чорабинӣ роҳбарону фаъолони диаспораи маҳаллии тоҷикон саҳми арзанда гузоштанд, хабар медиҳад Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Дар мизҳои зиёфат дастурхони бо оши палави тоҷикӣ ва сабзавту мева ороёфта гузошта шуданд.

Ба роҳбарияти муассисаи тиббӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ба табиби госпитал – точиктабор Ҷамшед Ҷабборов ифтихорномаи Консулгарии генералӣ тақдим шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.