ВКД як узви гуруҳи Эшони Нозимро, дар куштори 26 сол пеш муттаҳам медонад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нафари гумонбар дар куштор ҳоло 56 сол дошта, боздошт шудааст ва ба ӯ барои куштани як зан охири соли 1995, ки он замон дар Тоҷикистон даргириҳои шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки сокини 56-солаи ҷамоати деҳоти ба номи А.Аюдулвосиеви шаҳри Ваҳдат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як зани бегуноҳро куштааст.

“Ҳангоми дар гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадасти Юнусов Нозим бо тахаллуси Эшони Нозим шомил буданаш, 12-уми октябри соли 1995, тахминан соати 19:30 -дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри мазкур даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калошников ӯро ба қатл расонидааст”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар сурати исбот шудани гуноҳи гумонбаршаванда, ба ӯ якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.