Шаҳрдорӣ: Ноҳияи 5-ум дар пойтахт ҳоло таъсис намеёбад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Айни замон ба тавозуни шаҳри Душанбе гузаронидани 7 ҳазору 659 гектар заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳ бо маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншооти онҳо ҷараён дорад.

“Ин заминҳо байни 3 ноҳия – Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ тақсим мешаванд. Масъалаи ташкили ноҳияи нав дар Душанбе алҳол баррасӣ намешавад”, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии 18 феврал муовини аввали раиси пойтахт Амирхон Қурбонзода.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи нақшаи генералӣ, аҳолии шаҳри Душанбе дар марҳилаи аввал ба 1,2 млн ва минбаъд то 2 млн нафар мерасад.

“Дар ин робита бунёди зербинои зарурӣ бо назардошти афзоиши шумори аҳолии пойтахт ба нақша гирифта шудааст”, – шарҳ дод Қурбонзода.

Қаблан вобаста ба васеъ шудани қаламрави пойтахт миёни аҳли зиёиён масъалаи зарурати таъсиси ноҳияи нав баррасӣ шуда, сари номгузории он баҳсҳо ба миён омада буданд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи аввали соли 2020 Маҷлиси пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар бораи муқаррар намудани ҳудудҳои нави шаҳр тасдиқ кард.

Мувофиқи ин қарор, ҳудуди шаҳри Душанбе ба андозаи 7,66 гектар васеъ шуда, ба 20,32 ҳазор гектар расонида шуд.

Мувофиқи Нақшаи генералии шаҳр, ин ҳудуд соли 2040 то 25 ҳазор гектар ва пас аз соли 2040 – то ба 30 ҳазор гектар васеъ мешавад.

Васеъшавии ҳудуд (қаламрав)-и шаҳр бо назардошти афзоиши шумори аҳолии пойтахт ба ҳисоб гирифта шудааст.

Бино ба пешгӯйиҳо дар ин маврид, то он замон шумори аҳолии пойтахти Тоҷикистон то 1,5 млн нафар зиёд шуда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.