Дар Тоҷикистон наздики 30 блогерро ошкор кардаанд, ки бояд андоз супоранд

Ба блогерони тоҷик то 1 апрели соли 2021 муҳлат дода шуд, ки дар мақомоти андоз худро ба қайд гузоранд, хабар дод сардори Сарраёсати Кумитаи андози ҷумҳурӣ Шамсулло Кабирзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 феврал. Ба гуфтаи ӯ, блогерон огоҳ карда шудаанд, ки то санаи зикршуда худро сабтином кунанд. “Агар ба қайд нагузоранд, нисбаташон чораҳои дахлдор […]

Ба блогерони тоҷик то 1 апрели соли 2021 муҳлат дода шуд, ки дар мақомоти андоз худро ба қайд гузоранд, хабар дод сардори Сарраёсати Кумитаи андози ҷумҳурӣ Шамсулло Кабирзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 феврал.

Ба гуфтаи ӯ, блогерон огоҳ карда шудаанд, ки то санаи зикршуда худро сабтином кунанд.

“Агар ба қайд нагузоранд, нисбаташон чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд”, – иброз дошт ӯ.

Кабирзода қайд кард, ки мутахассисони Кумитаи андоз фаъолияти блогеронро омӯхта, ба рӯйхати андозсупорандагон шомил кардани онҳоро зарур донистанд.

“Тибқи таҳлилҳои Кумита, наздики 30 шабака ошкор шуд, ки аз 3 то 20 млн боздид ҷамъ меоваранд”, – зикр кард мутахассис.

Зимнан илова шуд, ки ба корҳо дар ин самт идома бахшида мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ба Кодекси андоз тағйироту иловаҳо ворид гардида, мувофиқи онҳо ҳамаи хизматрасониҳои электронӣ андозбандӣ мешаванд.

Дар Кумита мегӯянд, мувофиқи қонунгузорӣ, ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд.

Қаблан намояндаи Кумита ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд, ки ҳама назди қонун баробаранд ва блогерон низ аз фаъолияти худ дар интернет даромад гирифта, дар баробари ҳама бояд андоз пардохт кунанд.

“Пас, чаро шахсоне, ки бо кори кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, бояд андоз пардохт кунанду блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, набояд андоз пардохт намоянд? Чаро, бо кадом сабаб?”, – савол дода буд корманди Кумитаи андоз.

Ба гуфтаи ӯ, муқаррарот дар ин самт бо назардошти зарар нарасонидан ба фаъолияти блогерон ва ҳамчунин пешгирии пинҳонкунии даромади онҳо таҳия мешавад.

Аксарияти блогерони тоҷик мегӯянд, даромади онҳо начандон зиёд буда, имкони пардохти андозро надоранд ва ба гумони ғолиб, саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебанданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.