Суди олӣ 2 узви гурӯҳи Мулло Абдуллоро ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум кард

Бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон шуданд. Маҳкумшудагон –  сокинони ноҳияи Нуробод А. Латипов ва М.Нозиршоев узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов маъруф бо лақаби “Мулло Абдулло” буданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи геералии Тоҷикистон. “Суди олӣ онҳоро дар содир намудани ҷинотяҳо мутобиқи моддаҳои […]

Бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба муҳлатҳои зиёд равонаи зиндон шуданд.

Маҳкумшудагон –  сокинони ноҳияи Нуробод А. Латипов ва М.Нозиршоев узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов маъруф бо лақаби “Мулло Абдулло” буданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи геералии Тоҷикистон.

“Суди олӣ онҳоро дар содир намудани ҷинотяҳо мутобиқи моддаҳои 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), 181 (Ғасби гаравгон) ва 186 (Бандитизм)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 19 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард”, – омадааст дар хабар.

Онҳо то соли 2010, замони барҳам додани гурӯҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, узви ин дастаи ҷиноятпеша буданд. Гурӯҳи ҷиноятпешаи “Мулло Абдулло” замони ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави ноҳияи Нуробод ба амалҳои бадкирдоронаву худсарӣ ва бедодгариву ҷинояткориҳо даст мезад.

“Соли 1999 яке аз занони маҳаллӣ ба Мулло Абдулло шикоят мекунад, ки шавҳараш нисбати ӯ хиёнату бевафоӣ мекунад ва бо дигар зан муносибатҳои маҳрамона дорад”, – қайд мешавад дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, Мулло Абдулло ба маҳкумшудагон супориш медиҳад, ки “шавҳари хиёнаткорро ҷазо диҳанд”.

“Онҳо мардро гаравгон гирифта, танҳо баъди аз падараш гирифтани маблағи калони пулӣ ва молу амвол ӯро раҳо мекунанд”, – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз барҳам хӯрдани гурӯҳи Мулло Абдулло онҳо ба Русия рафта, дар ҳамон ҷо пинҳон шуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.