Болоравии нархи нуриҳои минералӣ пеш аз мавсими киштукор

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи 44,3 млн доллар зиёда аз 204 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид кардааст. Чанд рӯз пеш зикр гардид, ки ягона корхонаи исстеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ дар ҷумҳурӣ – “Тоҷик Азот” дар тендер (музояда) фурӯхта шуд. Номи моликони он ифшо нашуд. Бо қатъи фаъолияти ин корхона аз соли […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи 44,3 млн доллар зиёда аз 204 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид кардааст.

Чанд рӯз пеш зикр гардид, ки ягона корхонаи исстеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ дар ҷумҳурӣ – “Тоҷик Азот” дар тендер (музояда) фурӯхта шуд. Номи моликони он ифшо нашуд.

Бо қатъи фаъолияти ин корхона аз соли 2009, Тоҷикистон ҳамасола ба маблағи аз 50 то 100 млн доллар нуриҳои минералиро аз Русияву Қазоқистон ва Ӯзбекистон мехарад.

Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки имсол дар Тоҷикистон киштукори 856 ҳазору 822 гектар заминҳо пешбинӣ шудааст.

Барои ҳосили хуб ба даст овардан, ҳадди ақал зиёда аз 600 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ лозим буда, лекин воридот пурра талаботи бахши кишоварзиро қонеъ намекунад.

Умедворӣ ба “Тоҷик Азот”

Зимни нишасти хабарии чанде қабл вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода бо таваҷҷуҳ ба ин масъала изҳор намуд, ки масъалаи барқарор намудани фаъолияти ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ – “Тоҷик Азот” ба наздикӣ ҳал мешавад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол Саъдӣ Қодирзода дар нишасти хабарии ниҳодаш дар ин робита зикр намуд, ки корхона дар музояда фурӯхта шуда, арзиши саҳмияҳояш 200 млн долларро ташкил медиҳад.

Ӯ қайд кард, ки “Тоҷик Азот” бо мақсади ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба кишвар ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ фурӯхта шуд.

Бино ба маълумоти ҳукумат, ғолиби тендер ба дар ихтиёр доштани саҳмияҳо ҳуқуқ пайдо намуда, харидор ба анҷоми корҳои барқароркунӣ дар хати лӯлаи гази Ёвон – Левакант дар муддати се сол уҳдадор мешавад, то ки сӯзишвории заруриро барои истеҳсолот аз Ӯзбекистон дастрас карда тавонад.

Тибқи созишномаи пешин бо намояндагони Чин дар назар буд, ки пас аз таъмиру навсозии корхона иқтидори он ба истеҳсоли 1,5 млн тонна расида, маҳсулот ба Афғонистону Қирғизистон низ фурӯхта мешавад.

Нархҳо боло мераванд

Дар ҳамин ҳол, нархи нуриҳои минералии асосӣ – селитра ва карбамид дар Тоҷикистон боло рафта, ҳозир 1 килои онҳо 4,5-5 сомонӣ нарх дорад. Як моҳ пеш онҳо 3,5-3,7 сомонӣ арзиш доштанд.

Дар ин робита кишоварзон изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, дар оғози мавсими киштукор нархҳо ба ин маҳсулот бояд зери назорат гирифта шаванд.

Бахтиёр Муродов, фермер аз ноҳияи Рӯдакӣ савол медиҳад, ки чаро то ин дам ҳукумат дар бораи бунёди корхонаҳои нави истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ҷумҳурӣ фикр намекунад.

“Корхонаи “Тоҷик Азот” аз даст ба даст гузашта, ҳеҷ наметавонад, ки истеҳсолоташро ба роҳ монад ва аздусар талаботи сол то сол афзояндаи бахши кишоварзиро пурра қонеъ карда наметавонад”, – чунин мешуморад ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.