Раиси Кумита аз танқиди лоиҳаи Кодекси нави андоз розӣ нест

Як гурӯҳи соҳибкорон ба сабукиҳо барои тиҷорат дар лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки танҳо барои амалиёти ғайринақдӣ пешбинӣ шудаанд, назари манфӣ доранд, ки Кумитаи андоз бо онҳо розӣ нест. Раиси Кумита Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарии рӯзи 18 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки дар лоиҳаи нав қариб барои ҳамаи андозсупорандагон сабукиҳо пешбинӣ шудааст. […]

Як гурӯҳи соҳибкорон ба сабукиҳо барои тиҷорат дар лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки танҳо барои амалиёти ғайринақдӣ пешбинӣ шудаанд, назари манфӣ доранд, ки Кумитаи андоз бо онҳо розӣ нест.

Раиси Кумита Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарии рӯзи 18 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки дар лоиҳаи нав қариб барои ҳамаи андозсупорандагон сабукиҳо пешбинӣ шудааст.

“Ин хел сатҳӣ хулоса баровардан лозим нест, бо матни лоиҳа шинос шуда, онро бо Кодекси амалкунанда муқоиса кунед”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Давлатзода, афзалият додан ба амалиёти ғайриннақдӣ дар Кодекси нав барои он пешбинӣ шудааст, то ки андозсупорандагон ҳавасманд гардида, минбаъд бар асоси амалиёти ғайринақдӣ кор кунанд: “Дар саросари ҷаҳон аллакай ба чунин тарзи кори ғайринақдӣ гузашта истодаанд”.

Ба савол дар бораи таносуби амалиёти нақдӣ ва ғайринақдӣ Давлатзода посух дод, ки ҳозир дар ин бора маълумот надорад.

Давлатзода таъкид дошт, ки лоиҳаи Кодекси нав бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо коршиносони байнулмилалӣ ва назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

Зимнан илова шуд, ки айни замон лоиҳаи Кодекси нав мавриди баррасии ҷомеа қарор дошта, бояд моҳи март ба ҳукумат пешниҳод гардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.