Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд даъват шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 феврал вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 феврал вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии давлати мо махсус таъкид кард.

Ҷонибҳо аз рушди мусбати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карда, итминони худро ҷиҳати идомаи мантиқии ин раванд дар оянда низ иброз намуданд.

Дар ин зимн муҳиммияти нигоҳ доштани тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд, ки дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши калидӣ доранд, таъкид гардид.

Абдулазиз Комилов ба президенти Тоҷикистон паёми президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро барои анҷом додани сафари корӣ ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо» расонид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима карда, таъмини амнияти минтақавиро ҳамчун шарти асосии суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя ҳамин рӯз бо ҳамтои худ – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дидору гуфтушунид анҷом дод.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистонро муфассал баррасӣ намуда, оид ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои бародарона ва ҳусни эҳтироми мутақобил, вазирон таъкид намуданд, ки бо саъйи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегиро минбаъд низ нигоҳ дошта, вазифаҳои гузоштаи сарони давлатҳоро пайгирона иҷро хоҳанд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.