Соли 2020 ВКД аз як амали террористӣ дар Шаҳринав пешгирӣ кардааст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини маҳаллӣ, ки пайрави созмони террористии дар Тоҷикистон мамнуи “Давлати исломӣ” буда, зидди кормандони милитсия барои анҷоми амали террористӣ омодагӣ мегирифт, боздошт шуд, хабар дод ба рӯзноманигорон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.

Дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса вазир маълумот надод.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 271 нафар ҷонибдорони созмонҳои террористиву ифротгаро боздошт шуданд, ки 147 нафарашон пайравони созмони “Ихвон ул-муслимин” мебошанд.

Зикр шуд, ки 2 ҳазору 71 нафар мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда, 1 ҳазору 973 нафар боздошт шудаанд.

Соли 2020 дар ҷумҳурӣ 23 ҳазору 460 (соли 2019 – 21 ҳазору 996) ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 18 ҳазору 887 ҷиноят ошкор ва мақомоти корҳои дохилӣ 15 ҳазору 542 ҷиноятҳоро сабту ошкор карданд.

Дар муқоиса бо соли 2019 шумори ҷиноятҳо 1464 адад зиёд шудааст (сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо 83%-ро ташкил дод).

Дар ин давра 107 далели куштор ва суиқасд ба он,

 135 далели расонидани зарари вазнин ба саломатӣ,

34 далели таҷовуз ба номус

33 – ҳамлаҳои ғоратгарона,

12 – хариду фурӯши одамон,

161 – ғоратгарӣ,

1325 – авбошӣ,

1886 – далелҳои қаллобӣ,

6197 – дуздӣ,

44 – ҳолатҳои гардиши ғайриқонунии силоҳ,

602 – ҳолати қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва

42 – далели ҷиноят бо истифода аз аслиҳа ба қайд гирифта шудааст.

Соли гузашта аз аҳолӣ 54 автомат, 65 таппонча, 138 милтиқу туфанг, 302 адад силоҳи суфтамил ва дигар навъҳои муҳимот мусодира шуданд.

Аз ҷониби мақомоти ВКД соли гузашта 1 тоннаву 117 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 49,2 кило героин, 481,2 кило афюн, 502,2 кило ҳашиш, наздики 65 кило бангдона (каннабис) мусодира шуд.

Кормандони ВКД фаъолияти 10 гурӯҳи муташаккили машғул ба қочоқ ва хариду фурӯши маводи нашъаоварро дар ҳайати 37 нафар қатъ намуданд.

Сохторҳои қудратии кишвар соли 2020 дар умум 2 тоннаву 425 кило маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.