ИА баррасии Кодекси нави андозро миёнаи ҷомеа маъқул мешуморад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Иттиҳоди Аврупо (ИА) машваратҳои дар Тоҷикистон идомадоштаро бо ҷомеа дар мавриди Кодекис нави андози Тоҷикистон маъқул мешуморад, хабар медиҳад намояндагии ИА дар Душанбе.

“Иттиҳоди Аврупо дастгирии доимии худро ба Тоҷикистон дар ҷараёни ислоҳот, талошҳо баҳри беҳбуди шароити иҷтимоиву иқтисодии ҳаёти аҳолӣ тасдиқ мекунад”, – қайд мешавад дар иттилоиия аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа тариқи видеоконфронс доир гардид.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа муҳимияти сиёсати макроиқтисодӣ, ки ба таъмини субот ва пешрафти минбаъда дар идоракунии воситаҳои молиявии давлатӣ равона мегардад, тасдиқ шуд.

Дар иттилоия таъкид мешавад, ки ин иқдом ба беҳбуди муҳити корӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ бо имконот барои ҷорисозии тарзу усулҳои инноватсионӣ ва аз лиҳози экологӣ тозаи ҳалли масоил мусоидат мекунад.

Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав айни замон миёни аҳли ҷомеа ва коршиносону мутахассисон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бо лоиҳаи пешакии Кодекси нав дар сомонаи http://www.itcmf.tj/kodeks шинос шудан мумкин аст.

Шаҳрвандон таклифҳои худро мутобиқи намунаи дар сомонаи дар боло зикршуда ё ба тариқи хаттӣ ба Вазорати молияи Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Академик Раҷабовҳо 3 ирсол намоянд.

Муҳлати таклифу пешниҳодҳо то 25 феврали соли равон муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.