ИА баррасии Кодекси нави андозро миёнаи ҷомеа маъқул мешуморад

Иттиҳоди Аврупо (ИА) машваратҳои дар Тоҷикистон идомадоштаро бо ҷомеа дар мавриди Кодекис нави андози Тоҷикистон маъқул мешуморад, хабар медиҳад намояндагии ИА дар Душанбе. “Иттиҳоди Аврупо дастгирии доимии худро ба Тоҷикистон дар ҷараёни ислоҳот, талошҳо баҳри беҳбуди шароити иҷтимоиву иқтисодии ҳаёти аҳолӣ тасдиқ мекунад”, – қайд мешавад дар иттилоиия аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ байни […]

Иттиҳоди Аврупо (ИА) машваратҳои дар Тоҷикистон идомадоштаро бо ҷомеа дар мавриди Кодекис нави андози Тоҷикистон маъқул мешуморад, хабар медиҳад намояндагии ИА дар Душанбе.

“Иттиҳоди Аврупо дастгирии доимии худро ба Тоҷикистон дар ҷараёни ислоҳот, талошҳо баҳри беҳбуди шароити иҷтимоиву иқтисодии ҳаёти аҳолӣ тасдиқ мекунад”, – қайд мешавад дар иттилоиия аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа тариқи видеоконфронс доир гардид.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа муҳимияти сиёсати макроиқтисодӣ, ки ба таъмини субот ва пешрафти минбаъда дар идоракунии воситаҳои молиявии давлатӣ равона мегардад, тасдиқ шуд.

Дар иттилоия таъкид мешавад, ки ин иқдом ба беҳбуди муҳити корӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ бо имконот барои ҷорисозии тарзу усулҳои инноватсионӣ ва аз лиҳози экологӣ тозаи ҳалли масоил мусоидат мекунад.

Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав айни замон миёни аҳли ҷомеа ва коршиносону мутахассисон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бо лоиҳаи пешакии Кодекси нав дар сомонаи http://www.itcmf.tj/kodeks шинос шудан мумкин аст.

Шаҳрвандон таклифҳои худро мутобиқи намунаи дар сомонаи дар боло зикршуда ё ба тариқи хаттӣ ба Вазорати молияи Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Академик Раҷабовҳо 3 ирсол намоянд.

Муҳлати таклифу пешниҳодҳо то 25 феврали соли равон муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.