Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе шояд дертар ба охир расад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мавсими гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон аввали моҳи апрел ба итмом мерасад, лекин санаи дақиқи он ба шароити обуҳаво вобаста аст. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аввали моҳи апрел обуҳаво дар пойтахт каме сардтар меояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрдории Душанбе дар ин хусус ҳоло қарори дахлдор қабул накардааст. Аз ин рӯ, Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ва 2 Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и шаҳр бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунанд.

“Ба мисли солҳои пешин қатъи гармидиҳӣ давра ба давра ва мутобиқи қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти пойтахт сурат мегирад”, – таъкид дошт манбаъ.

Мавсими гаримдиҳӣ дар Душанбе маъмулан то охири моҳи март давом мекунад. Тирамоҳи соли гузашта бар асари барвақт омадани сардиҳо гармидиҳӣ ба иншоот аз давраи маъмулӣ пештар – аввали даҳаи охири моҳи октябр оғоз гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки гармӣ ба иншооти пойтахт аз ду Маркази барқу гармидиҳӣ интиқол меёбад. Зиёда аз 2 ҳазор биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Арзиши гармидиҳӣ ба аҳолӣ барои 1 метри мураббаъ бо назардошти ААИ 1,18 сомонӣ, ба ташкилотҳои буҷетӣ – 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ ( бе назардошти ААИ), ба дигар истеъмолгарон – 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.