Кумаки JICA ва ФАО ба рушди соҳаи агробизнеси Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар якҷоягӣ бо Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Вазорати Кишовариии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави озмоиширо ҷиҳати тақвият додани иқтидори истеҳсолии тухми картошка оғоз намуданд.

Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани дастрасии кишоварзон ба маводҳои муҳими кишоварзӣ, яъне тухмии картошкаи босифат, нуриҳои минералӣ ва хидматрасонии пешрафтаи агро-машваратӣ мебошад. Инчунин, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии кишоварзон тариқи баланд бардоштанӣ ҳосилнокӣ ва пешбурди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Бояд қайд кард, ки лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои JICA оид ба ҷорӣ намудани усули “Рушди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда” (SHEP) мебошад, ки ҳадафи он баланд бардоштани  сифати зиндагии деҳқонон тариқи зиёд кардани даромад тавассути васеъ намудани дастрасӣ ба бозор мебошад.

Мунео Такасака, Роҳбари дафтари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки “Рушди агробизнес дар беҳтар намудани вазъи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, дастрасӣ ба тухмиҳои босифат, машваратҳои пешқадам ва инноватсионии кишоварзӣ хеле муҳим мебошад. JICA тасмим гирифт, ки усули SHEP-ро дар Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи аввалин дар Осиёи Марказӣ ҷорӣ кунад. SHEP усуле аст, ки кишоварзии ба бозор нигаронидашударо дар байни деҳқонони хурд муаррифӣ ва ривоҷ медиҳад. Мо боварӣ дорем, ки ҳамкории пурсамари мо бо ФАО ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лоиҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти устувор дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла"Таъмини амнияти озуқаворӣ"  мусоидат хоҳад кард".

«Лоиҳа бо мақсади такмили минбаъдаи системаи истеҳсоли тухми картошка дар кишвар якчанд ноҳияи водии Рашт ва вилояти Суғдро фаро мегирад. Лоиҳа инчунин ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва амнияти озуқавории хонаводаҳои осебпазири минтақаи Хуросон кумак хоҳад кард», – таъкид намуд Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

JICA ҳамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъват намудани хизматчиёни давлатӣ бо мақади донишомӯзӣ дар Ҷопон ва азхуд намудани таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ оғоз намуд. Ба моҳи марти соли 2020 шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи курсҳои омӯзишӣ, ки расман ҳамчун курсҳои омӯзишии JICA эътироф гардаидааст, зиёда аз 2380 нафарро ташкил дод.

Дафтари Намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон соли 2006 ба фаъолияти худ шурӯъ карда, то ин дам лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаёти мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини оби нӯшокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барнома оиди идоракунии сарҳад ва барнома оиди рушди иқтидор амалӣ гаштаанд.

JICA дар маҷмӯъ 44 лоиҳаҳоро ба маблағи 418,5 млн. доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ кардааст, ки аз он 94,66 млн. доллари ИМА кумаки техникӣ ва 324 млн. доллари ИМА кӯмаки грантӣ мебошад. Айни замон 14 лоиҳа амалӣ гашта истодааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.