Комроншоҳу Темур барои медали биринҷии Antalya Grand Slam рақобат мекунанд

Asia-Plus

Ду паҳлавони маъруфи ҷудокори тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов дар сабқати "Тоскулоҳи Бузург" ё Antalya Grand Slam барои медали биринҷӣ сабқат мекунанд. Комроншоҳ дар даврӣ нимаҳоӣ, барои раҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ аз ҷудокори шведӣ шикаст хӯрд ва Темур Раҳимв барои раҳ ёфтан ба даври  ниманиҳоӣ.

Комроншоҳ дар вазни -90 кг дар даври аввали сабқат бар намояндаи Австрия – Адам Борчашвили пирӯз шуд. Баъдан Сидорюк Александро шикаст дод. Дар даври сеюм ҷоизадори нишони нуқраи Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон 2018 – Бездек Мартини чех ва дар ¼ финал варзишгари Исроил – Ли Кохманро аз роҳ дур кард. Аммо дар ниманиҳоӣ аз Маркус Нимани шведӣ шикаст хӯрд ва рақобатро барои медали биринҷӣ бо Дэвид Кламмерти идома медиҳад. 

Намояндаи дигари тими Тоҷикистон паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни ҷами 100 кг аз даври сеюм бар зидди ҷудочии  Словения – Еней Маринич бо пирӯзӣ оғоз кард. Дар даври баъдӣ Темур бо барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-2016, 5 карат ҷоизадори медали тиллои мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”, барандаи медали тиллои Masters ва ноибқаҳрамони қаҳрамонии ҷаҳон – Хисаёши Харасаваи ҷопонӣ неру санҷид, ки мутаассифона шикаст хӯрд. Дар шонси муҷаддад Темур Алишер Юсупови ӯзбекро мағлуб кард.

Ӯ барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо як ҳарифи пурзӯр, қаҳрамони Бозиҳои Олимпии Рио-2016, ду карат қаҳрамони ҷудои ҷаҳон ҷаҳон, соҳиби ду нишони тиллои “Тоскулоҳи бузург” ва 9 тиллои Ҷоми ҷаҳон – Лукаш Крпалеки чех вориди рақобат мешавад.

Паҳлавони дигари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров, ки дар вазни -60 кг рӯзи нахусти мусобиқа, 1-уми апрел вориди рақобат шуд, ба шикаст мувоҷеҳ шуд.  Рақиби ӯ аз Туркия Солиҳ Йилдиз, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ва қаҳрамони Аврупо-2019 миёни навҷавонон буд. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар муддати 2 дақиқаю 51 сония се огоҳӣ – “шидо” гирифт ва рақибаш бо баҳогузории “иппон” ғолиб дониста шуд. Ҳамин тариқ, Шаҳбоз аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ёдовар мешавем, Шаҳбоз Саидаброров дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2021", ки 28-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси – ба поён расид, дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило мақоми севумро касб намуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашта буд. 

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam" 2021 ҳамагӣ 440 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Варзишгарон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Анталия ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллар, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум якунимҳазордолларӣ супурда хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.