Як бошандаи Дарвози Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо “Толибон” 15 сол зиндонӣ шуд

Як бошандаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистонро барои  ҳамкорӣ бо раҳбари гуруҳи террористии "Толибон" гунаҳкор ва барои 15-сол равонаи зиндон кардаанд. Ҳамчунин ду бошандаи дигари Дарвоз барои огоҳӣ надодан ба мақомот низ муҷрим шинохта шудаву ҷарима шудаанд. Аз ин бошандаи Дарвоз Суҳробҷон Вазиров ном бурда мешавад, ки Додгоҳи ВМКБ ӯро ба ду моддаи Кодекси ҷиноӣ: ҷалб кардан барои […]

Asia-Plus

Як бошандаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистонро барои  ҳамкорӣ бо раҳбари гуруҳи террористии "Толибон" гунаҳкор ва барои 15-сол равонаи зиндон кардаанд. Ҳамчунин ду бошандаи дигари Дарвоз барои огоҳӣ надодан ба мақомот низ муҷрим шинохта шудаву ҷарима шудаанд.

Аз ин бошандаи Дарвоз Суҳробҷон Вазиров ном бурда мешавад, ки Додгоҳи ВМКБ ӯро ба ду моддаи Кодекси ҷиноӣ: ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта маҳкум кардааст. Дар ин бора Радиои "Озодӣ" хабар медиҳад, ки ба нусхае аз ҳукми додгоҳ даст ёфтааст. 

Ҳукми додгоҳ дар ин маврид рӯзи 19-уми марти имсол содир шудааст. Бино ба навиштаи манбаъ дар баробари Сӯҳробҷон Вазиров боз ду сокини дигари ин ноҳия барои "хабар надодан", муҷозот шудаанд. Аммо наздикони Аминҷон Тоатов, яке аз ин ду маҳкумшуда, аз ҳукми додгоҳ норозӣ будаанд  ва онро "ноодилона" хондаанд.

Радиои "Озодӣ" менависад, ки дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, Сӯҳробҷон Вазиров, сокини 44-солаи ноҳияи Дарвоз, давоми ду соли охир бо роҳбари Толибон дар ноҳияи Нусайи Афғонистон, Ҷумъа валади Талбон, тамоси телефонӣ доштааст.

Ҷумъа Талбон як бошандаи маҳаллии вулусволӣ ё ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки аз ӯ ҳамчун раҳбари "Толибон" дар Дарвози Афғонистон ном мебарад. Ин фармондеҳи "Толибон" дар чанд соли ахир бо неруҳои давлатии Афғонистон дар ин минтақа ҷангҳои шадиде мекунад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки бархе аз зодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон таҳти фармондеҳии ӯ дар Дарвози ин кишвар ҷамъ омадаанд ва ҷанг мекунанд. 

Дар ҳукми додгоҳи ВМКБ омадааст, ки Вазиров асосан "мавқеъгирии нерӯҳои ҳукуматии Афғонистонро, ки аз ҷониби Тоҷикистон намоён аст, ба ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон хабар медод".

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, бар асоси маълумоти фиристодаи ин сокини ноҳияи Дарвоз, "ҷангҷӯёни Толибон чанд ҳамлаи муваффақона дошта, чанд афсару сарбози нирӯҳои ҳукуматии Афғонистонро нобуд кардаанд." Мақомот мегӯянд, аз ин рафтори Сӯҳробҷон Вазиров ду сокини дигари ноҳияи Дарвоз – Аминҷон Тоатови 34-сола ва Қурбонмаҳмад Додови 53-сола хабар доштанд, аммо мақомотро огоҳ накарданд.

Бино ба иттилои манбаъ додгоҳи дар баробари Вазиров, ин ду нафарро низ боздошт ва 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Аммо бо дархости додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, масъулони Додгоҳи олӣ рӯзи 13-уми апрел парвандаи Аминҷон Тоатов ва Қурбонмаҳмад Додовро барои баррасии дубора ба додгоҳ фиристоданд.

Аммо Акбаршо Тоатов падари Аминҷон Тоатов аз ин тасмими додситонӣ норизоятӣ карда гуфтааст, ки ҳукм нисбат ба писараш одилона нест. Ӯ рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои "Озодӣ" гуфтааст, писараш танҳо ҳамдеҳаи Вазиров аст ва дар ҳеч ҷиноят шарик набудааст.

Маҳкум шудани сокинони Дарвози Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар солҳои ахир ин минтақаи Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон нором аст. 

Аз ҷумла  моҳи декабри соли гузашта як ҷанги хунине дар ин минтақа миёни гуруҳи "Толибон" ва неруҳои ҳукумативу хезишҳои мардумӣ дар ноҳияи Нусай ва Моймай рух дода буд, ки гуфта мешуд ин корро асосан зодаҳои Тоҷикистон кардаанд, ки ба Афғонистон паноҳ бурдаанду таҳти идораи Ҷумъа Талбон меҷанганд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.