Тоҷикистон имсол дар радабандии озодии баён боз як зина поинтар рафт

Asia-Plus

Тоҷикистон имсол дар шохиси озодии баён боз як зина поинтар рафт ва дар миёни 181 кишвар мақоми 162-юмро гирифт. Ин гузориш ҳамасола дар пешорӯйи рӯзи ҷаҳонии озодии баён аз сӯйи "Гузоришгарони бидуни марз" нашр мешавад. 

Таҳиягарони гузориш гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон мақомот, мисли Русия, “мубориза бо хабарҳои дурӯғин дар бораи COVID-19-ро ҳамчун баҳонаи маҳдудкунии минбаъдаи матбуот истифода карданд”.

Дар ин гузориш аз Тоҷикистон ба унвони як кишвари худкома ном бурда мешавад ва гуфта мешавад, ки мақомот имкон доранд ҳама гуна хабар дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи бемориҳои сироятӣ ҳамчун хабари "бардурӯғ" ва "носаҳеҳ" ҳисоб кунанду  муаллифони онҳо бидуни ду маоши ҳадди аққал бимонанд ё барои 15 рӯз маҳбус шаванд. 

Ба гуфтаи муаллифони гузориш ин  рӯзноманигоронро дар истифодаи иттилотти марбут ба Covid-19  ба худсонсурӣ савқ додааст, ба ҷуз хабарҳои расмӣ.

Дар мақоми 162 қарор гирифтани Тоҷикистон дар ҳолест, ки солҳои қабл кишвари мо дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ва Осиёи Марказӣ яке аз мақомҳои аввалро дошт. ИН нукта ҳатто боиси ифтихори Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷашнгирии 100-солагии матбуоти тоҷик шуда буд.

"Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Ба таъбири дигар, матбуот ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шуд",-гуфта буд президенти кишвар дар суханронияш.

Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки дар 132 кишвари ҷаҳон рӯзноманигорон ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд.

Русия дар шохиси имсола боз як зина пойинтар рафта мақоми 150-уро гирифтааст. Белорус (мақоми 158) саркӯбкунандатарин ва хатарноктарин кишвари озодии баёнд дар Аврупо ном бурда шудааст. 

Дар миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мақоми аз ҳама хубтарро Қирғизистон (79) дорад. Ба дунболи он Қазоқистон дар мақоми 155, Узбакистон 157 ва Туркманистон аз ҳама бадтарин дар Осиёи Миёна ва яке бадтаринҳо дар сатҳи ҷаҳон мақоми 178-ро гирифтаанд. 

Имсол ҳам мисли солҳои қабли Норвеж, Финлонд ва Шведсия мақоми се кишвари аввали аз ҳама роҳат ва муносиб барои фаъолияти рӯзноманигориро ҳифз кардаанд. 

Тоҷикистон соли 2009 дар ин шохис дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама баландтар 113-ум ҷой дошт. Қирғизистон он замон дар мақоми 125, Қазоқистон 142, Узбекистон 160-е место ва Туркманистон дар мақоми 173 қарор доштанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”

Бахши дуввуми мусоҳиба бо иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи ҳувияти миллӣ ва забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.