Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маҷмааи нави истиқоматӣ сохта мешавад

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе дар бораи лоиҳаи ангоравии сохтмони маҷмааи биноҳои нави истиқоматии баландошёна ба ҷойи хонаҳои дуошёна дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ ноҳияи Октябр, қаламрави Водонасосная), ки тахриб мешаванд, маълумот дод. Дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Умари Хайём маҷмааи биноҳои истиқоматӣ бо ҷойгир кардани муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд мегардад, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе дар бораи лоиҳаи ангоравии сохтмони маҷмааи биноҳои нави истиқоматии баландошёна ба ҷойи хонаҳои дуошёна дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ ноҳияи Октябр, қаламрави Водонасосная), ки тахриб мешаванд, маълумот дод.

Дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Умари Хайём маҷмааи биноҳои истиқоматӣ бо ҷойгир кардани муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд мегардад, хабар дода мешавад дар саҳифаи "Архитектура Душанбе" дар Facebook.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Сарраёсати мазкур хабар дод, ки ангораи лоиҳа бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 7 апрел (№195) аз ҷониби тарроҳон (дизайнерон)-и ватанӣ таҳия шудааст.

“Таҳияи лоиҳа минбаъд идома ёфта, он аз ташхиси давлатӣ мегузарад ва сипас бояд қарори раиси шаҳрро дар бораи иҷозаи сохтмон гирад. Дар назар аст, ки қисмати аввали маҷмааи воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ тибқи нақша, бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба анҷом расонида шавад”, – гуфт манбаъ.

Лоиҳа дар ҷойи хонаҳои истиқоматии кӯҳна, ки дар тарафи рости чорроҳаи мавзеи Водонасосная ҷойгир аст, амалӣ мешавад.

“Пас аз чорроҳаи Водонасосная ба самти “Душанбе арена” якчанд хонаҳои дуошёна ҷойгиранд, ки муҳлати истифодаашон ба охир расидааст. Онҳо тахриб (кӯчонида) мешаванд”, – иброз дошт манбаъ.

Ҳамчунин чанд рӯз пеш Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар саҳифааш дар Facebook дар бораи сохтмони муассисаи таълимии томактабии “Меҳри Модар” хабар дод. Дар он ҷо муҷассамаи Модар гузошта мешавад.

“Меҳри модар” дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Сино сохта шуда, барои 1200 нафар таълимгирандагон пешбинӣ шудааст. Лоиҳа аз ҷониби КВД ПИЛ “Строительство и архитектура” (Сохтмон ва меъморӣ) таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.