Бошандагони як деҳаи ҳаммарз бо Ӯзбекистонро дар Суғд саросар воксини зудҳангом задаанд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Сокинони як деҳаи марзии ноҳияи Спитамени Тоҷикистон бо Ӯзбекистонро ба таври зудҳангом саросар воксинаи зидди бемории COVID-19 задаанд. Мақомот мегӯяд, ин тадбир ба хуруҷии дигарбораи бемории ҳамагир дар кишвари ҳамсоя рабт дорад, ки шаҳрвандони ду кишвар дар ин деҳа ба гунаи хеле наздик бо ҳам зиндагӣ мекунанд.

Ҳудуди 562 нафар бошандагони деҳаи Сароб дар ҷамоати Сарбанд (Платина)-и ноҳияи Спитамен воксини "AstraZeneca"-ро гирифтаанд. Ин деҳа бо ноҳияи Бекободи Ӯзбекистон ҳаммарз аст ва мақомоти тандурустӣ мегӯяд, сокинони ду кишварро дар ин ҷо танҳо як кӯча аз ҳам ҷудо мекунад.

Ҷаннатой Набиева, директори филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то ҳол миёни сокинони деҳаи Сарбанд бемории ҳамагир дарёфт нашудааст. Аммо далели зудҳангом ваксингирии аҳолиро ба хуруҷи бемории ҳамагир дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон рабт дод.

“Маълумот омад, ки ҳамин хел деҳа ҳаст ва ҳар рӯз шаҳрвандони Ӯзбекистон рафту омад мекунанд. Бо мақсаде, ки мабодо аз ин кишвар беморӣ надарояд мо сокинонро пештар ба иммунизатсия фаро гирифтем, ки аз паҳншавии беморӣ пешгирӣ кунем”,-гуфт Набиева.

Ӯзбекистон сар аз 18-уми апрел дар пайи хуруҷи дигарбораи коронавирус ба тадбирҳои қатъитаре рӯй овард. Аммо Ҷаннатой Набиева мегӯянд онҳоро нигаронӣ аз вазъи имрӯзи кишвари ҳамсоя водор ба ин кард, ки аз эҳтимоли интиқол шудани беморӣ пешгирӣ кунанд. Зеро бошандагони деҳаи Сароб ҳар соату ҳар рӯз ба деҳҳаҳои ҳамммарзи кишвари ҳамсоя рафту омада доранд. 

“Хонаву боғи шаҳрвандони Ӯзбекистон ва ҷойи истиқоматашон дар замини деҳаи Сароби ноҳияи Спитамен аст. Бо сабаби кор ё худи кӯдакону фарзандонашон барои таҳсил ҳар рӯз саҳарӣ ба ҳудуди Ӯзбекистон мегузаранд ва бегоҳ бармегарданд. Дар Ӯзбекистон бемории коронавирус ба қайд гирифта шуда истодааст, барои ҳамин пеш аз мӯҳлат тезтар мо ин деҳаро ваксина кардем, ки ба ногоҳ беморӣ ба Тоҷикистон ворид нашавад”.

Насим Деҳқонбоев, раиси ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен мегӯяд, ки аз ҷониби Ӯзбекистон деҳаи Доманакӯҳ, ки дар гузаштаи "Нагорный"  мегуфтанд дар паҳлӯйи деҳаи Сароб ҷойгир аст ва беш 1300 аҳолӣ дорад.

Ба гуфтаи раиси ҷамоат ҳарчанд рафтуомади сокинонро марзбонон назорат мекунанд, аммо ин наметавонист кафили саломатии онҳо бошад. 

Дар ин деҳаи шаҳвандони аз 18-сола болоро воксин задаанд, ки ҳоло ба гуфтаи масъулони ноҳия гурӯҳе аз занҳои деҳа ба далели ҳомила будан ва гурӯҳе ба далели розӣ нашудан, воксин нагирифтаанд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки воксингирии сокинони ин деҳа аз 12-уми апрел оғоз шудаву то ҳол давом дорад. Ба сокинони деҳа баъди гирифтани вояи нахустини "AstraZeneca" гувоҳнома дода шудааст.

Масъулони тандурустии влоят мегӯянд, ки бо гузашти 8-12 ҳафта баъдӣ воксингирии якум, онҳоро дубора воксин мезананд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.