Писари Достиев муовини вазири хориҷа шуд. Идомаи тағйироти кадрӣ

Asia-Plus

Фарҳод Салим сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА ва писари Абдулмаҷид Достиев муовини пешини Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои Олии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бораи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ҳамчунин Шараф Шерализода муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Орзу Аҳмадзода муовини раиси ин ниҳод ҳам аз мақомҳояшон барканор шудааанд. Шараф Шерализодаро Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин кардааст.

Муовини дигари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ таъин шудааст, ки то ин вақт сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд. 

Дар тағйироти имрӯз Хуршед Мирзо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон  ва Саид Зуҳурзода муовини раиси ин кумитаи таъин шудааст, ки то ин вақт сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии ин Кумита буд. 

Эмомалӣ Раҳмон Сафаралӣ Қурбонзодаро муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширин Солеҳзодаро муовини раиси ин Хадамот таъин кардаааст. То ин вақт Дилшод Музаффарзода мансаби муовини якуми ин ниҳодро дар ихтиёр дошт, ки имрӯз барканор шуд. Зайдулло Мусозода ҳам имрӯз  аз мансаби муовини раиси ин ниҳод озод карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 


 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.