Писари Достиев муовини вазири хориҷа шуд. Идомаи тағйироти кадрӣ

Фарҳод Салим сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА ва писари Абдулмаҷид Достиев муовини пешини Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои Олии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бораи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.  Ҳамчунин Шараф Шерализода муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Орзу Аҳмадзода муовини раиси ин ниҳод ҳам аз […]

Asia-Plus

Фарҳод Салим сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА ва писари Абдулмаҷид Достиев муовини пешини Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои Олии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бораи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ҳамчунин Шараф Шерализода муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Орзу Аҳмадзода муовини раиси ин ниҳод ҳам аз мақомҳояшон барканор шудааанд. Шараф Шерализодаро Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин кардааст.

Муовини дигари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ таъин шудааст, ки то ин вақт сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд. 

Дар тағйироти имрӯз Хуршед Мирзо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон  ва Саид Зуҳурзода муовини раиси ин кумитаи таъин шудааст, ки то ин вақт сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии ин Кумита буд. 

Эмомалӣ Раҳмон Сафаралӣ Қурбонзодаро муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширин Солеҳзодаро муовини раиси ин Хадамот таъин кардаааст. То ин вақт Дилшод Музаффарзода мансаби муовини якуми ин ниҳодро дар ихтиёр дошт, ки имрӯз барканор шуд. Зайдулло Мусозода ҳам имрӯз  аз мансаби муовини раиси ин ниҳод озод карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 


 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?