Баъди матлаби “Азия-Плюс” раиси Кумитаи замин ва як раиси ҷамоат дар Ҷайҳун барканор шуданд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҷайҳун бар пайи моҷарои пур кадани заҳбуру онро ҳамчуни замин барои сохтани хона фурӯхтан, додситонии вилояти Хатлон алайҳи чанд мансабдори ин ноҳия парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд. 

Дар доираи ин қазия  раиси ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун Муродалӣ Асақолзода ва раиси идораи кумитаи замини ин ноҳия Тоҷиддин Сафарзода аз вазифаҳояшон барканор шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд.

Манбаъ мо дар ҳукумати Ҷайҳун мегӯяд, сабаби барканории ин ду мансабдори маҳаллӣ ҳамон моҷарои пур кардани заҳбуру тақсими он ба шаҳрвандон мебошад.

Бояд гуфт, ки қаблан баъди нашри хабари  “Дар Ҷайҳун заҳкашеро пуркардаву заминашро барои хонасозӣ тақсим кардаанд”  дар "Азия-Плюс", Додситонии вилояти Хатлон санҷиш гузаронида, алайҳи раиси пешини ҷамоати Қумсангир, ки  ҳоло раиси ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун мебошад  ва муҳандиси заминдории ҳамин ҷамоат, парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.

Парванда бар асоси моддаи 247 қисми 3  банди “а” (қалобӣ) ва моддаи 3381 банди “б, в” (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин)- и Кодекси ҷиноӣ боз шуда буд..

Он замон Рустам Сангинзода, сардори бахши назорати иҷрои қонунгузории замини додситонии вилояти Хатлон гуфта буд, ки баъди нашри хабар дар бораи пур кардани заҳкаш ва тақсими он ҳамчун замини наздиҳавлигӣ, тибқи супориши додситони вилоят санҷиш гузаронида шуд.

“Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки Муродалӣ Асақолзода дар давраи раиси ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун кор кардан дар ду ҳолат аз шаҳрвандон бо ваъдаи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои масҷидҳои панҷвақтаи “Суғдиён” 50 ҳазор ва деҳаи Тоҷикистон 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст".

Ба гуфтаи ин масъули додситонӣ, ҳамчунин санҷиш маълум кард, ки Муродалӣ Асақолзода бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз сокини деҳаи Ҷуйбори ҷамоати деҳоти Қумсангир Маҳмадалӣ Забиров 16 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар ҳамин ҳолат бо маслиҳати пешакӣ бо муҳандиси заминдории ҳамин ҷамоат Фазлиддин Ғоибов ба Маҳмадалӣ Забиров 03, га замин ҷудо карда додаанд”,- гуфт Рустам Сангинзода.

Алайҳи Фазлиддин Ғоибов низ, ин ниҳод он замон гуфта буд, дар доираи парвандаи ҷиноӣ тафтишотро идома медиҳад. Аммо ҳоло маълум нест, ки алайҳи раиси кумитаи замини ноҳия Тоҷиддин Сафарзода низ дар ин парванда тафтишот сурат гирифтааст ё не.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.