Дар Ҷайҳун заҳкашеро пур кардаву заминашро барои хонасозӣ тақсим кардаанд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як заҳкашро пур кардаву замини онро ба мардум барои хонасозӣ тақсим кардаанд. Ин нигаронии сокинони маҳаллиро ба бор овардааст, аммо раиси ноҳия мегӯяд, ин кор дуруст аст. 

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотиаш, имрӯз, 17 феврал пур кардани заҳкаш ва тақсими онро барои хонасозӣ қонунӣ унвон кард.

"Ман, худам ихтисосам муҳандиси заминсоз аст ва вақте омадам, рафта ҳамон мавзеъро дидам. Ин замини ғайрикишоварзӣ аст ва барои тақсим кардани он хулосаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ гирифта шудааст",- гуфт раиси ноҳия.

Ин заҳкаш дар деҳаи Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун аст. Мардуми ин деҳа дар як суҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори "Азия-Плюс" гуфтанд, ки қаблан инҷо роҳи оҳани камбар буд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, "роҳро низ аз байн бурдаанд ва заҳкашро низ пур карда, раиси ҷамоат Муродбек Ақсакалов инҷоро ба унвони замини наздиҳавлигӣ тақсим кардааст".

Аммо раиси ноҳия натавонист ба хабарнигорон ҷузъиёти ин қазияро шарҳ бидиҳад. Ӯ ба суолҳои ин ки, масоҳати ин замин чӣ қадар аст ва бо қарори кадом раиси ноҳия ё ҳукумати ҷумҳурӣ ба чанд оила тақсим шудааст, ҷавоби дақиқе дода натавонист ё нахост посух бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки мусоҳибони сарироҳии хабарнигори "Азия-Плюс" гуфтаанд, ки тақсимоти замин дар дигар тарафи роҳи муқобили ҳамин заминҳо низ дар ҷараён аст. 

Онҳо аз ин нигаронанд, ки оё аз нигоҳи бехатарӣ ва илмӣ додани замини заҳкаш барои бунёди манзил дуруст аст ва хостори расидагии мақомоти назоратӣ ба ин қазия шудаанд. 

Мавзуъи тақсимоти замин дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст, ки солона бештар аз ҳазор парванда дар ин самт боз мешавад ва қарорҳои зиёди раисони шаҳру ноҳияҳоро мақомоти дигар бекор мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...