Кумитаи забон нагузоштааст, ки шаҳрвандон 604 номро ба фарзандонашон бигузоранд

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020 нагузоштааст, ки волидону наздикон, 604 номи ба гуфтаи ин ниҳод ғайримеъёрӣ ба фарзандони навтаваллудшуда гузошта шаванд. Ин нуктаро ҳамин ҳоло Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин ниҳод дар нишасти хабарии кумита, ки феълан ҷараён дорад, ба хабарнигорон гуфт. Ба гуфтаи раиси Кумитаи забон, дар соли гузашта 1313 […]

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020 нагузоштааст, ки волидону наздикон, 604 номи ба гуфтаи ин ниҳод ғайримеъёрӣ ба фарзандони навтаваллудшуда гузошта шаванд. Ин нуктаро ҳамин ҳоло Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин ниҳод дар нишасти хабарии кумита, ки феълан ҷараён дорад, ба хабарнигорон гуфт.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи забон, дар соли гузашта 1313 муроҷиат барои номгузорӣ ба ин ниҳод шудааст, ки онҳо ба 604 пешниҳод посухи рад дода, ба 581 хулосаи тавсиявӣ ва ба 32 нафар тарзи дурусти навишти ному насаб ва номи падариро гуфтаанд. Гуфта мешавад, аз ин 1313 муроҷиат 90 муроҷиат аз сӯйи намояндаи аққалиятҳои миллӣ будааст. 

Олимҷон Муҳаммадҷонзода мегӯяд, соли 2020 онҳо 884 номи ғайримеъёрии маҳаллаҳои мардумнишинро баррасӣ кардаву барои тағйири номҳои ин маҳаллаҳо бо омода кардани санадҳои лозими меъёриву ҳуқуқӣ ба ҳукумати Тоҷикистон  барои тасдиқ пешниҳод мекунанд. 

Соли гузашта, ҳамчунин ин ниҳод ба номгузории 1278 ҷойноми маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ ва  11 номгӯйи мансуб ба конҳои шимоли Тоҷикистон хулосаи ниҳоӣ додааст, ки аз ин 1279 ном пуштибонӣ шуда, ҳамагӣ 11 ном рад шудааст. 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.