Дар Ҷайҳун заҳкашеро пур кардаву заминашро барои хонасозӣ тақсим кардаанд

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як заҳкашро пур кардаву замини онро ба мардум барои хонасозӣ тақсим кардаанд. Ин нигаронии сокинони маҳаллиро ба бор овардааст, аммо раиси ноҳия мегӯяд, ин кор дуруст аст.  Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотиаш, имрӯз, 17 феврал пур кардани заҳкаш ва тақсими онро барои хонасозӣ қонунӣ унвон кард. "Ман, худам ихтисосам муҳандиси […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як заҳкашро пур кардаву замини онро ба мардум барои хонасозӣ тақсим кардаанд. Ин нигаронии сокинони маҳаллиро ба бор овардааст, аммо раиси ноҳия мегӯяд, ин кор дуруст аст. 

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотиаш, имрӯз, 17 феврал пур кардани заҳкаш ва тақсими онро барои хонасозӣ қонунӣ унвон кард.

"Ман, худам ихтисосам муҳандиси заминсоз аст ва вақте омадам, рафта ҳамон мавзеъро дидам. Ин замини ғайрикишоварзӣ аст ва барои тақсим кардани он хулосаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ гирифта шудааст",- гуфт раиси ноҳия.

Ин заҳкаш дар деҳаи Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун аст. Мардуми ин деҳа дар як суҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори "Азия-Плюс" гуфтанд, ки қаблан инҷо роҳи оҳани камбар буд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, "роҳро низ аз байн бурдаанд ва заҳкашро низ пур карда, раиси ҷамоат Муродбек Ақсакалов инҷоро ба унвони замини наздиҳавлигӣ тақсим кардааст".

Аммо раиси ноҳия натавонист ба хабарнигорон ҷузъиёти ин қазияро шарҳ бидиҳад. Ӯ ба суолҳои ин ки, масоҳати ин замин чӣ қадар аст ва бо қарори кадом раиси ноҳия ё ҳукумати ҷумҳурӣ ба чанд оила тақсим шудааст, ҷавоби дақиқе дода натавонист ё нахост посух бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки мусоҳибони сарироҳии хабарнигори "Азия-Плюс" гуфтаанд, ки тақсимоти замин дар дигар тарафи роҳи муқобили ҳамин заминҳо низ дар ҷараён аст. 

Онҳо аз ин нигаронанд, ки оё аз нигоҳи бехатарӣ ва илмӣ додани замини заҳкаш барои бунёди манзил дуруст аст ва хостори расидагии мақомоти назоратӣ ба ин қазия шудаанд. 

Мавзуъи тақсимоти замин дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст, ки солона бештар аз ҳазор парванда дар ин самт боз мешавад ва қарорҳои зиёди раисони шаҳру ноҳияҳоро мақомоти дигар бекор мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.